Аз рӯи суннат ҳангоми дафни маййит чӣ бояд гуфт?
Калимоте, ки ҳангоми дафни маййит гуфтани он суннат аст.
Савол: 47902
Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Шахсе, ки маййитро ба қабр мегузорад, барояш суннат аст, ки чунин бигӯяд:
بِسْمِ اللهِ، وَعَلَى سُنَّةِ رَسُولِ اللهِ
"Бисмиллоҳи ва ъало суннати расулиллоҳ".
(Ба номи Аллоҳ ва суннати расулуллоҳ).
Ё чунин мегӯяд:
بِسْمِ اللهِ، وَعَلَى مِلَّةِ رَسُولِ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيهِ وَسَلَّم
"Бисмиллоҳи ва ъало миллати расулиллоҳи саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам".
(Ба номи Аллоҳ ва миллати расулуллоҳ дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод).
Ин дуо дар ҳадиси Ибни Умар (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) ворид шудааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳангоме, ки маййитро ба қабр мегузошт, мегуфт: "Бисмиллоҳи ва ъало суннати расулиллоҳ". (Ба номи Аллоҳ ва суннати расулуллоҳ).
Дар лафзи дигар омадааст. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: Вақте мурдаҳоятонро ба қабр мегузоред, бигӯед: "Бисмиллоҳи ва ъало суннати расулиллоҳ". (Ба номи Аллоҳ ва суннати расулуллоҳ). Дар ривояти дигар чунин омадааст: "Бисмиллоҳи ва ъало миллати расулиллоҳ". (Ба номи Аллоҳ ва миллати расулуллоҳ). Ривояти Абудовуд (3213), Тирмизӣ (1046), Ибни Моҷа (1550), Ҳоким (1353) ва Албонӣ ин ҳадисро дар китоби "Аҳкому-л-ҷаноиз" (саҳ: 192) саҳеҳ шуморидааст.
Баъд аз дафн барои маййит истиғфор кардан ва барои ӯ устуворӣ талабидан суннат аст. Чуноне ки дар ҳадиси Усмон ибни Аффон (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) омадааст, ки ӯ гуфт: Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) чун аз дафни маййит фориғ мешуд, дар назди ӯ истода мегуфт: "Барои бародаратон истиғфор кунед ва барои ӯ устувориро талабед, зеро ӯ ҳоло пурсида мешавад". Ривояти Абудовуд (3221) ва Албонӣ онро дар китоби "Аҳкому-л-ҷаноиз" (саҳ: 198) саҳеҳ шуморидааст.
(Шарҳи мухтасари ҳадис)
"Дар назди ӯ истода", яъне дар назди қабри ӯ истода.
"Барои бародаратон истиғфор кунед", яъне барои ӯ аз Аллоҳ мағфират талабед, яъне бигӯед: Эй Аллоҳ, ӯро мағфират кун.
"Ва барои ӯ устувориро талабед", яъне барои ӯ аз Аллоҳ талаб намоед, ки забонашро ҳангоми ҷавоб додан ба ду фаришта устувор гардонад, яъне бигӯед: Аллоҳ ӯро дар сухани устувор собитқадам гардонад.
"Зеро ӯ ҳоло пурсида мешавад", яъне дар ин ҳолат ба назди ӯ ду фаришта, ки номи он ду Мункар ва Накир аст, омада ӯро мепурсанд. Аз ин хотир, ӯ ба истиғфору устуворӣ эҳтиёҷи зиёд дорад.
Сарчашма:
Ислом савол ва ҷавоб