загрузка
0 / 0

Калимоте, ки ҳангоми дафни маййит гуфтани он суннат аст.

Савол: 47902

Аз рӯи суннат ҳангоми дафни маййит чӣ бояд гуфт?

Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Шахсе, ки маййитро ба қабр мегузорад, барояш суннат аст, ки чунин бигӯяд:

 بِسْمِ اللهِ، وَعَلَى سُنَّةِ رَسُولِ اللهِ

"Бисмиллоҳи ва ъало суннати расулиллоҳ".

(Ба номи Аллоҳ ва суннати расулуллоҳ).

Ё чунин мегӯяд:

 بِسْمِ اللهِ، وَعَلَى مِلَّةِ رَسُولِ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيهِ وَسَلَّم 

"Бисмиллоҳи ва ъало миллати расулиллоҳи саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам".

(Ба номи Аллоҳ ва миллати расулуллоҳ дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод).

Ин дуо дар ҳадиси Ибни Умар (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) ворид шудааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳангоме, ки маййитро ба қабр мегузошт, мегуфт: "Бисмиллоҳи ва ъало суннати расулиллоҳ". (Ба номи Аллоҳ ва суннати расулуллоҳ).

 Дар лафзи дигар омадааст. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: Вақте мурдаҳоятонро ба қабр мегузоред, бигӯед: "Бисмиллоҳи ва ъало суннати расулиллоҳ". (Ба номи Аллоҳ ва суннати расулуллоҳ). Дар ривояти дигар чунин омадааст: "Бисмиллоҳи ва ъало миллати расулиллоҳ". (Ба номи Аллоҳ ва миллати расулуллоҳ).   Ривояти Абудовуд (3213), Тирмизӣ (1046), Ибни Моҷа (1550), Ҳоким (1353) ва Албонӣ ин ҳадисро дар китоби "Аҳкому-л-ҷаноиз" (саҳ: 192) саҳеҳ шуморидааст.

Баъд аз дафн барои маййит истиғфор кардан ва барои ӯ устуворӣ талабидан суннат аст. Чуноне ки дар ҳадиси Усмон ибни Аффон (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) омадааст, ки ӯ гуфт: Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) чун аз дафни маййит фориғ мешуд, дар назди ӯ истода мегуфт: "Барои бародаратон истиғфор кунед ва барои ӯ устувориро талабед, зеро ӯ ҳоло пурсида мешавад".   Ривояти Абудовуд (3221) ва Албонӣ онро дар китоби "Аҳкому-л-ҷаноиз" (саҳ: 198) саҳеҳ шуморидааст.

(Шарҳи мухтасари ҳадис)

"Дар назди ӯ истода", яъне дар назди қабри ӯ истода.

"Барои бародаратон истиғфор кунед", яъне барои ӯ аз Аллоҳ мағфират талабед, яъне бигӯед: Эй Аллоҳ, ӯро мағфират кун.

"Ва барои ӯ устувориро талабед", яъне барои ӯ аз Аллоҳ талаб намоед, ки забонашро ҳангоми ҷавоб додан ба ду фаришта устувор гардонад, яъне бигӯед: Аллоҳ ӯро дар сухани устувор собитқадам гардонад.

"Зеро ӯ ҳоло пурсида мешавад", яъне дар ин ҳолат ба назди ӯ ду фаришта, ки номи он ду Мункар ва Накир аст, омада ӯро мепурсанд. Аз ин хотир, ӯ ба истиғфору устуворӣ эҳтиёҷи зиёд дорад.

Сарчашма

Ислом савол ва ҷавоб

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи Савол ва Ҷавоби Ислом

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android
at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи Савол ва Ҷавоби Ислом

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android