Ҳоҷӣ чигуна метавонад ҳангоми адои ҳаҷ боихлос бошад? Оё агар бо ҳамроҳи ҳаҷ тиҷорат ва талаби ризқро бихоҳад, беихлос ба ҳисоб меравад?
Ихлос дар ҳаҷ
Савол: 48027
Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Ихлос дар тамоми ибодатҳо шарт аст. Ибодат бо вуҷуди ширк дуруст (ва қабул) нахоҳад шуд:
فَمَنْ كَانَ يَرْجُوا لِقَاءَ رَبِّهِ فَلْيَعْمَلْ عَمَلاً صَالِحاً وَلا يُشْرِكْ بِعِبَادَةِ رَبِّهِ أَحَداً
سورة الكهف: ١١٠
«Пас ҳар ки хоҳони дидори Парвардигори хеш аст, бояд кори неку шоиста анҷом бидиҳад ва ҳеҷ касеро дар ибодати Парвардигораш касеро шарик насозад». (Сураи Каҳф: 110).
Аллоҳ таъоло фармудааст:
وَمَا أُمِرُوا إِلا لِيَعْبُدُوا اللهَ مُخْلِصِينَ لَهُ الدِّينَ حُنَفَاءَ وَيُقِيمُوا الصَّلاةَ وَيُؤْتُوا الزَّكَاةَ وَذَلِكَ دِينُ الْقَيِّمَةِ
سورة البينة: ٥
«Ва онон фармон наёфтанд, ҷуз ин ки Аллоҳро мухлисона ва бар пояи ойини тавҳидӣ, дар ҳоле ибодот кунанд, ки дин ва ибодатро махсуси Ӯ бидонанд ва намозро барпо доранд ва закотро бипардозанд. Ва ин ойини ростин ва мустақим аст». (Сураи Баййина: 5).
Аллоҳ таъоло фармудааст:
فَاعْبُدِ اللهَ مُخْلِصاً لَهُ الدِّينَ * أَلا لِلهِ الدِّينُ الْخَالِصُ
سورة الزمر: ٢ – ٣
«Пас, Аллоҳро бипараст ва дини худро барои Ӯ холис гардон. Огоҳ бошед, ки дини холис аз они Аллоҳ аст». (Сураи Зумар: 2 – 3).
Дар ҳадиси саҳеҳи қудусӣ омадааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: Аллоҳ таборак ва таъоло мефармояд: «Ман бениёзтарини шарикон аз ширк мебошам. Ҳар кас амалеро анҷом бидиҳад, ки дар он дигареро бо Ман шарик гардонад, ӯ ва ширкашро раҳо мекунам».
Маънои ихлос ба Аллоҳ дар ибодат ин аст, ки банда ибодатро бояд танҳо бо муҳаббати Аллоҳ таъоло, таъзим ва умеди савобу ризои Ӯ иҷро намояд.
Аз ин рӯ, Аллоҳ таъоло оиди Муҳаммад расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ ва оли ӯ бод) мефармояд:
مُحَمَّدٌ رَسُولُ اللهِ وَالَّذِينَ مَعَهُ أَشِدَّاءُ عَلَى الْكُفَّارِ رُحَمَاءُ بَيْنَهُمْ تَرَاهُمْ رُكَّعاً سُجَّداً يَبْتَغُونَ فَضْلاً مِنَ اللهِ وَرِضْوَاناً
سورة الفتح: ٢٩
«Муҳаммад фиристодаи Аллоҳ аст ва касоне, ки бо ӯ ҳастанд, бар кофирон сахтгир ва бо ҳамдигар меҳрубонанд. Онҳоро дар ҳоли рукӯъ ва саҷда мебинӣ, ки аз Аллоҳ фазл ва хушнудӣ металабанд». (Сураи Фатҳ: 29).
Аз ин рӯ, ибодат хоҳ ҳаҷ бошад ва ё дигар ибодат, агар инсон онро бо мақсади риё дар назди бандагони Аллоҳ иҷро карда бошад, қабул нахоҳад шуд. Яъне онро бо мақсади худнамоӣ дар назди мардум иҷро кунад, то онон бигӯянд: Во аҷабо, фалонӣ хеле парҳезгор аст! Во аҷабо, фалонӣ хеле ибодаткунанда аст! Ва амсоли он.
Агар мақсад аз адои ибодат тамошо намудани маконҳову шаҳрҳо ё дидани мардум ва ё дигар корҳое, ки бо ихлос зиддият доранд, бошад, ибодат қабул нахоҳад шуд. Аз ин хотир, ҳоҷиёне, ки қасди зиёрати хонаи Аллоҳро доранд, бояд ниятҳояшонро холис барои Аллоҳ таъоло гардонанд. Ҳадафашон набояд тамошо намудани олами Исломӣ ё тиҷорат ва ё суханони мардум, ки фалонӣ ҳар сол ҳаҷ менамояд ва ғайра, бошад.
Ҳеҷ мамонияте нест, ки инсон ҳагоми сафари ҳаҷ фазли Аллоҳро бо тиҷорат талаб намояд, зеро Аллоҳ таъоло мефармояд:
لَيْسَ عَلَيْكُمْ جُنَاحٌ أَنْ تَبْتَغُوا فَضْلاً مِنْ رَبِّكُمْ
سورة البقرة: ١٩٨
«Гуноҳе бар шумо нест, ки (дар айёми ҳаҷ тиҷорат намоед ва) аз фазл (ва рӯзӣ)-и Парвардигоратон талаб кунед». (Сураи Бақара: 198).
Аммо агар нияти инсон танҳо тиҷорат бошад, ин бо ихлос зиддият дорад. Ин монанди касест, ки бо амали охират хоҳони дунё аст, ки боиси бекоршавӣ ё шадидан ноқисшавии амалаш мегардад.Аллоҳ таъоло фармудааст:
مَنْ كَانَ يُرِيدُ حَرْثَ الآخِرَةِ نَزِدْ لَهُ فِي حَرْثِهِ وَمَنْ كَانَ يُرِيدُ حَرْثَ الدُّنْيَا نُؤْتِهِ مِنْهَا وَمَا لَهُ فِي الآخِرَةِ مِنْ نَصِيبٍ
سورة الشورى: ٢٠
«Касе, ки кишти охиратро бихоҳад, дар кишти ӯ (баракат медиҳем ва) меафзоем ва ҳар кас хоҳони кишти дунё бошад, аз он ба ӯ медиҳем ва ӯ дар охират ҳеҷ (насиб ва) баҳрае надорад». (Сураи Шуро: 20).
Поёни сухан.
Сарчашма:
"Фатово"-и Ибни Усаймин (18/21).