Азон додан аз радио чӣ ҳукме дорад? Яъне агар вақти азон бирасад, забти савт (магнитофон) ё радиоро равшан карда (даргиронда), садои азонро дар назди баландгӯ (микрофон) гузорад ва ё садои муаззинеро, ки (дар ҳоли ҳозир) азон дода истодааст, пахш намояд?
Ҳукми азон аз тариқи радио ва амсоли он
Савол: 48990
Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Пахши азон аз дастгоҳи забти савт (магнитофон) ё аз радио ва ё ирсол намудани он ба воситаи таҷҳизот аз як ҷо ба масҷидҳои дигар бидъати нав эҷодшуда аст.
Аз донишмандони Кумитаи доимӣ пурсиданд:
Оё азон барои намозҳои фариза суннат аст ва пахш намудани он бо воситаи дастгоҳи забти савт (магнитофон) чӣ ҳукм дорад, агар муаззинҳо онро дуруст анҷом дода натавонанд?
Чунин посух доданд:
Азон фарзи кифоя аст, илова бар ин, васила барои эъломи фаро расидани вақти намоз ва даъват барои он аст ва пахши азон аз тариқи дастгоҳи забти савт, ки аз қабл сабт шудааст, барои эълони вақти намоз кофӣ нест. Бар мусулмонон, дар ҳар ҷое, ки намоз баргузор мешавад, лозим аст, ки дар вақти дохил шудани намоз касеро аз байни худ, ки метавонад азонро ба некӯӣ адо кунад, интихоб кунанд.
Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз, Шайх Абдурраззоқ Афифӣ, Шайх Абдуллоҳ ибни Ғадаён.
Боз аз ҳамин Кумита пурсиданд:
Аз баъзе мардумон дар кишварҳои исломӣ шунидам, ки онҳо азони Ҳарамайни шарифайнро ба навор (кассета)-и радио забт мекунанд ва сипас онро дар назди баландгӯ (микрофон) мегузоранд ва ба ҷои муаззин азон пахш мешавад, оё намоз (дар ин ҳолат) ҷоиз аст? Лутфан бо далел аз китоб (Қуръон) ва суннат (ҳадис) ва бо шарҳу эзоҳи мухтасар посух диҳед.
Чунин посух доданд:
Пахш намудани азон аз тариқи навор (кассета)-и забтшуда ба ҷои азони машрӯи намозҳои фариза кифоят намекунад, балки воҷиб аст, ки муаззин шахсан барои намоз азон диҳад, зеро собит шудааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба азон дастур додааст ва асос дар амру дастур воҷиб будани он мебошад.
"Фатово-л-лаҷнату-д-доима" (6/66, 67).
Дар қарори давраи нӯҳуми "Маҷмаъу-л-фиқҳи-л-исламӣ" вобаста ба "Робитату-л-ъолами-л-исломӣ" дар шаҳри Макка, дар рӯзи шанбе, соли 1406-и ҳиҷрӣ омадааст:
Иктифо кардан ба азони радио дар масҷидҳо дар вақти даромадани намоз аз тариқи дастгоҳи забти савт ва монанди он дуруст нест ва истифода бурдани он барои адои ин ибодат (азон) ҷоиз нест ва азони машрӯъ бо он ҳосил намеёбад. Бар мусулмонон воҷиб аст, ки дар ҳар як вақтҳои намозҳо, дар ҳар масҷиде, ки бошанд, азон диҳанд, ҳамонгунае, ки мусулмонон аз замони паёмбарамон Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) то ҳол бар он буданд.
Аллоҳ донотар аст.
Сарчашма:
Ислом савол ва ҷавоб