Ман ҳадисеро шунидам, ки эътикоф ба ҷуз дар масҷидулҳаром, масҷиди Набавӣ ва масҷиди Ақсо дуруст нест. Оё ин ҳадис саҳеҳ аст?
Эътикоф дуруст нест, магар дар се масҷид
Савол: 49006
Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Аввал:
Ҳадисе, ки саволдиҳанда ба он ишора кардааст, онро Байҳақӣ (4/315) аз Ҳузайфа ривоят намудааст, ки ӯ ба Абдуллоҳ ибни Масъуд (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) гуфт: Ман аз назди баъзе мардумон гузар кардам, ки дар байни хонаи шумо ва хонаи Абумусо (яъне, дар масҷид) ба эътикоф нишастаанд. Ман медонам, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Эътикоф дуруст нест, магар дар се масҷид: Масҷидулҳаром …». Абдуллоҳ ибни Масъуд гуфт: Шояд ту фаромӯш кардаӣ ва онҳо ҳифз намудаанд ва шояд ту хато кардаӣ ва онҳо дуруст кардаанд.
Албонӣ ин ҳадисро дар китоби "Силсилату-л-аҳодиси-с-саҳиҳа" (2876) саҳеҳ донистааст.
Дуввум:
Аммо оиди ҳукми ин масъала (донишмандон ихтилоф кардаанд), ҷумҳури донишмандон бар ин назаранд, шарт нест, ки эътикоф дар яке аз се масҷидҳо (масҷидулҳаром, масҷиди Набавӣ ва масҷиди Ақсо) анҷом дода шавад. Бар ин сухани худ ояти зеринро далел кардаанд, ки Аллоҳ таъоло фармудааст:
وَلا تُبَاشِرُوهُنَّ وَأَنْتُمْ عَاكِفُونَ فِي الْمَسَاجِدِ البقرة/187 .
«Ва дар ҳоле, ки дар масҷидҳо ба эътикоф нишаста бошед, бо ҳамсаронатон ҳамбистар нашавед». (Сураи Бақара: 187).
Лафзи "масҷидҳо" дар ин оят ом буда, тамоми масҷидҳоро дарбар мегирад. Ба ҷуз ин ки бар нодуруст будани эътикоф дар масҷиде далел ворид шуда бошад, ба монанди масҷиде ки дар онҷо намози ҷамоат баргузор намешавад, агар эътикофнишин аз ҷумлаи шахсоне бошад, ки бар ӯ намози ҷамоат воҷиб аст. Лутфан ба саволи рақами (48985) нигаред.
Имом Бухорӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) ба истидлоли умуми ин оят ишора намуда, фармудааст:
Боби эътикоф дар даҳаи охир ва эътикоф нишастан дар ҳамаи масҷидҳо, зеро Аллоҳ таъоло фармудааст:
وَلا تُبَاشِرُوهُنَّ وَأَنْتُمْ عَاكِفُونَ فِي الْمَسَاجِدِ تِلْكَ حُدُودُ الله فَلا تَقْرَبُوهَا كَذَلِكَ يُبَيِّنُ اللهُ آيَاتِهِ لِلنَّاسِ لَعَلَّهُمْ يَتَّقُونَ البقرة/187 .
«Ва дар ҳоле, ки дар масҷидҳо ба эътикоф нишаста бошед, бо ҳамсаронатон ҳамбистар нашавед. Ин марзҳои Аллоҳ аст, пас ба онҳо наздик нашавед. Аллоҳ ҳамчунин оёти худро барои мардум равшан месозад, бошад, ки парҳезкор шаванд». (Сураи Бақара: 187).
Поёни сухан.
Ҳанӯз ҳам мусулмонон эътикофро дар масҷидҳои кишварҳояшон идома медиҳанд, тавре ки Таҳовӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) онро дар китоби "Мушкилу-л-осор" (4/205) зикр кардааст.
Шайх Ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ таъоло бар ӯ бод) оиди ҳукми эътикоф дар масҷидҳои сегона: масҷидулҳаром, масҷиди Набавӣ ва масҷиди Ақсо пурсида шуд. Аллоҳ бароятон подоши некӯ диҳад.
Дар ҷавоб фармуд:
Эътикоф дар ғайри масҷидҳои сегона, масҷидулҳаром, масҷиди Набавӣ ва масҷиди Ақсо дар вақташ машрӯъ буда, махсуси масҷидҳои сегона намебошад. Балки дар он се масҷид ва инчунин дар дигар масҷидҳо низ анҷом дода мешавад. Ин дидгоҳи имомони мусулмонон, имомони мазҳабҳое ки мардум онро пайравӣ мекунанд, ба монанди Имом Аҳмад, Молик, Шофеӣ, Абуҳанифа ва дигарон (раҳмати Аллоҳ бар онон бод) мебошад, зеро Аллоҳ таъоло фармудааст:
وَلا تُبَاشِرُوهُنَّ وَأَنْتُمْ عَاكِفُونَ فِي الْمَسَاجِدِ تِلْكَ حُدُودُ الله فَلا تَقْرَبُوهَا كَذَلِكَ يُبَيِّنُ اللهُ آيَاتِهِ لِلنَّاسِ لَعَلَّهُمْ يَتَّقُون البقرة/187 .
«Ва дар ҳоле, ки дар масҷидҳо ба эътикоф нишаста бошед, бо ҳамсаронатон ҳамбистар нашавед. Ин марзҳои Аллоҳ аст, пас ба онҳо наздик нашавед. Аллоҳ ҳамчунин оёти худро барои мардум равшан месозад, бошад, ки парҳезкор шаванд». (Сураи Бақара: 187).
Лафзи "масҷидҳо" (дар ин оят) ом буда, тамоми масҷидҳои гӯшаву канори заминро дарбар мегирад. Ин ҷумла дар охири оятҳои рӯза омадааст, ки ҳукми он тамоми умматро дар ҳама гӯшаву канори дунё дарбар мегирад. Ин хитоб ба тамоми шахсоне аст, ки ба рӯза амр шудаанд. Аз ин рӯ, ин ҳукмҳо бо ояти зерин хотима меёбанд:
تِلْكَ حُدُودُ الله فَلا تَقْرَبُوهَا كَذَلِكَ يُبَيِّنُ اللهُ آيَاتِهِ لِلنَّاسِ لَعَلَّهُمْ يَتَّقُونَ البقرة/187 .
«Ин марзҳои Аллоҳ аст, пас ба онҳо наздик нашавед. Аллоҳ ҳамчунин оёти худро барои мардум равшан месозад, бошад, ки парҳезкор шаванд». (Сураи Бақара: 187).
Аз эҳтимол хеле дур аст, ки Аллоҳ умматро бо калимоте хитоб кунад, ки фақат теъдоди ками онҳоро дарбар гирад. Аммо оиди ҳадиси Ҳузайфа ибни Ямон (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод): «Эътикоф дуруст нест, магар дар се масҷид». Агар ин ҳадис аз айбҳо эмин монад, ин ба маънои нафйи камол аст. Яъне комилтарин эътикоф эътикофест, ки дар ин масҷидҳои сегона анҷом дода шавад. Ин ба хотири мақоми арҷманд ва бартарии онҳо нисбат ба дигар масҷидҳо мебошад. Чунин ибораҳо (дар ҳадисҳо) зиёданд. Яъне гоҳо манзур аз нафй нафйи камол мебошад, на нафйи ҳақиқат ва ё нафйи дурустӣ. Масалан паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Ҳангоми омода будани хӯрок намозе нест». Ва ба монанди он. Бешубҳа асос дар нафй нафйи ҳақиқати шаръӣ ё ҳиссӣ аст. Аммо агар далеле бар хилофи он вуҷуд дошта бошад, пас бояд он далелро гирифт. Ҳамонтавре ки дар ҳадиси Ҳузайфа омадааст. Ин дар ҳоле, ки ҳадис аз камбудиҳо холӣ бошад. Аллоҳ донотар аст. Поёни сухан.
"Фатово-с-сиём" (саҳ 493).
Шайх Ибни Боз (раҳмати Аллоҳ таъоло бар ӯ бод) пурсида шуд: Ҳадиси «Эътикоф дуруст нест, магар дар се масҷид» то чӣ андоза саҳеҳ аст? Агар ҳадис саҳеҳ бошад, оё ин феълан маънои онро дорад, ки эътикоф танҳо дар се масҷид дуруст аст?
Дар ҷавоб фармуд:
Эътикоф дар ғайри масҷидҳои сегона дуруст аст, ҷуз ин ки дар масҷиде, ки ба эътикоф менишинад, шарт аст, ки дар онҷо намози ҷамоат баргузор шавад. Агар дар он ҷо намози ҷамоат баргузор нашавад, эътикоф дар он масҷид дуруст нест. Аммо агар назр карда бошад, ки дар масҷидҳои сегона ба эътикоф менишинад, пас дар ин ҳолат ба хотири вафо ба назри худ бояд дар он ҷо ба эътикоф бинишинад. Поёни сухан.
"Маҷмӯу фатово"-и Ибни Боз (15/444).
Сарчашма:
Ислом савол ва ҷавоб