Корхонае вуҷуд дорад, ки тӯҳфаҳои шишагин, аз қабили шишаҳои атр ва шамъдон истеҳсол карда, ба хориҷа мефиристад. Ба ман вазифаи масъули содирот пешниҳод карда шуд, вале корхона аз ман талаб мекунад, ки дар идҳои насоро (Кристмас) тӯҳфаҳои шишагини махсуси иди онҳо ба монанди салиб ва муҷассама истеҳсол кунем. Оё ин кор ҷоиз аст? Чунки ман пас аз неъмати дониш ва ҳифзи китоби Аллоҳ таъоло, аз Ӯ метарсам, ки гуноҳеро содир намоям.
Оё дар фурӯши тӯҳфаҳои марбут ба идҳои кофирон кор кардан ҷоиз аст?
Савол: 50074
Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Барои ягон мусулмон ҷоиз нест, ки дар идҳои кофирон ширкат варзад, хоҳ ин ширкат варзидан бо ҳузур дар иди онҳо бошад ё бо иҷозат додан ба баргузории он ва ё бо фурӯши молу маҳсулоти марбут ба он идҳо.
Шайх Муҳаммад ибни Иброҳим (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) ба вазири тиҷорат чунин нома навишт:
Аз Муҳаммад Иброҳим ба ҷаноби вазири гиромии тиҷорат (Аллоҳ ӯро солим дорад). Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ. Ва баъд:
Ба мо хабар расид, ки соли гузашта баъзе тоҷирон ба муносибати иди масеҳӣ ва соли нави мелодӣ ҳадияҳои махсусе, аз ҷумла арчаи соли нави масеҳиро ворид кардаанд. Баъзе аз шаҳрвандон ин гуна ҳадияҳоро харида, ба хориҷиёни масеҳии кишварамон тӯҳфа карда ва дар ин ид ширкат меварзидаанд.
Ин кори мункарест, ки набояд онро анҷом медоданд. Мо шакке надорем, ки шумо раво набудани онро медонед ва ҳамчунин медонед, ки донишмандон бар мамнӯияти ширкат варзидан бо кофирони мушрику аҳли китоб дар идҳояшон иттифоқ кардаанд.
Аз ин рӯ, умедворем, ки вуруди ин гуна тӯҳфаҳо ва дигар чизҳоеро, ки дар зери ҳамин ҳукм қарор доранд ва махсуси идҳои онҳост, манъ мекунед.
"Фатово"-и Шайх Муҳаммад ибни Иброҳим (3/105).
Аз Шайх Абдулазиз ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) пурсиданд:
Баъзе мусулмонон дар идҳои насрониён ширкат меварзанд. Тавсияи шумо (ба онҳо) чист?
Ӯ чунин посух дод:
Барои марду зани мусулмон ҷоиз нест, ки дар идҳои насрониён ё яҳудиён ва ё дигар кофирон ширкат кунад, балки тарк намудани он воҷиб аст, зеро «касе худро ба қавме монанд созад, пас ӯ аз ҷумлаи онҳост». Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) моро аз тақлид кардан ба онҳо ва тахаллуқ ба ахлоқи онҳо манъ намудааст. Пас бояд марду зани мӯъмин аз он барҳазар бошанд. Барои онҳо ҷоиз нест, ки ба ҳеҷ ваҷҳ дар ин замина ба онҳо кӯмак бикунанд, зеро ин идҳо хилофи Шариъат аст, аз ин рӯ ширкат варзидан дар он, ҳамкорӣ бо аҳли он ва кӯмак кардан бо ҳар ваҷҳ, бо чой, қаҳва ва дигар чизе, аз қабили зарфҳо ва ғайра ҷоиз нест. Зеро Аллоҳ таъоло мефармояд:
وَتَعَاوَنُوا عَلَى الْبِرِّ وَالتَّقْوَى وَلا تَعَاوَنُوا عَلَى الأِثْمِ وَالْعُدْوَانِ وَٱتَّقُواْ ٱللهَ إِنَّ ٱللهَ شَدِيدُ ٱلعِقَابِ
سورة المائدة: ٢
«Ва ҳамдигарро дар некӯкориву парҳезгорӣ кӯмак кунед ва ҳамдигарро дар гуноҳу таҷовуз кӯмак накунед ва аз Аллоҳ битарсед, ҳароина Аллоҳ сахткайфар аст». (Сураи Моида: 2).
Аз ин рӯ, ширкат кардан бо кофирон дар идҳояшон навъе аз ҳамкорӣ дар гуноҳу таҷовуз аст.
Дар изҳороти донишмандони Кумитаи доимӣ дар мавриди ширкат кардан дар ҷашнҳои ҳазорсола омадааст:
Бинобар ин, барои шумо – эй бародарам – ширкат кардан дар сохт ва истеҳсоли ҳар чизе, ки ба идҳои кофирон марбут аст, ҷоиз нест. Ин корро ба хотири Аллоҳ таъоло тарк кунед, Аллоҳ бар ивази он ба шумо кори беҳтареро ато мекунад, иншоаллоҳ.
Сарчашма:
Ислом савол ва ҷавоб