0 / 0

Иваз кардани насаб ба хотири ба даст овардани шаҳрвандии кишвари имтиёзнок

Савол: 638

Агар инсон насаби худро ба хотири ба даст овардани шаҳрвандии кишвари имтиёздор иваз намояд, ҳукми он чист? Масалан худро писар ё бародари амаки худ, ё худро писар ё бародари тағои худ, ё худро писар ё бародари хешовандони дигари худ, ки шаҳрвандии матлубро дар даст дорад, меҳисобад ва бо ин сабаб, он шаҳрвандӣ ва тамоми имтиёзоте, ки бо сабаби он ба даст меоянд, аз ҷумла маошҳо ва дигар манфиатҳоеро ба даст меорад. Бо ин ҳол, ӯ шаҳрвандӣ ва ҳуҷҷатҳои худро дорад. Ва ягон мушкилие надорад. Ӯ ин корро танҳо барои ба даст овардани бархе аз манфиатҳои моддӣ анҷом медиҳад. Ҳукми ин амал чист?

Матни ҷавоб

Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ин амал муҳаррам (ҳаром кардашуда) ва мамнӯъ мебошад. Барои инсон ҳалол нест, ки худро ба ғайри падари худ нисбат диҳад. Зеро ин боиси дурӯғи зиёде мегардад ва бар масоили мерос ва маҳрамият ва бар ҳамаи масоили дигаре, ки бо насаб алоқаманданд, таъсир мерасонад. Аз ин хотир матну далелҳои таҳдидкунандае бар ҳаққи касе, ки худро ба ғайри падари худ нисбат медиҳад, омадааст. Чуноне, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

“Касе, ки худро ба ғайри падараш нисбат диҳад . . Пас бар ӯ лаънати Аллоҳ ва фариштагон ва тамоми мардум бод”.   Ривояти Ибни Моҷа (2599). Дар Саҳиҳу-л-Ҷомиъ (6104) зикр шудааст.

Ин амал низ яке аз гуноҳони кабира аст, ки ду гуноҳи бузург дар он ҷамъ шудааст: Дурӯғ ба хотири хӯрдани мол ба ботил, мансубият ба ғайри падари худ.

Бар инсон воҷиб аст, ки дар ин масъала ба сӯи ҳақ баргардад. Шаҳрвандии ғайри ҳақиқиро пора-пора кунад ва ба ҳуҷҷатҳои аслие, ки дар он насаби ҳақиқии ӯ собит шудааст, баргардад. Ин амр бар ӯ воҷиб аст. Ман тааҷҷуб мекунам, ки инсон ин амали муҳаррам (ҳаром кардашуда)-ро аз барои дастовардҳои дунё анҷом медиҳад.

Ҳол он ки Аллоҳ таъоло фармудааст:

 مَنْ كَانَ يُرِيدُ الْعَاجِلَةَ عَجَّلْنَا لَهُ فِيهَا مَا نَشَاءُ لِمَنْ نُرِيدُ ثُمَّ جَعَلْنَا لَهُ جَهَنَّمَ يَصْلَاهَا مَذْمُومًا مَدْحُورًا

  [الإسراء: 18].

“Ҳар кас, ки ин дунёро бихоҳад, дар он ҳар чиро бихоҳем, зуд ба ӯ медиҳем, сипас ҷаҳаннамро барои ӯ муқаррар намоем, то баддидашудаву рондашуда ба он дарояд”.   (Сураи Исро: 18).

Касе, ки онро анҷом дода бошад, бояд ба сӯи Аллоҳ тавба кунад. Аз он чӣ гузашт, Аллоҳ афв кардааст. Молҳое, ки бо сабаби ин шаҳрвандӣ ба даст овардааст, Аллоҳ таъоло мефармояд:

 فَمَنْ جَاءَهُ مَوْعِظَةٌ مِنْ رَبِّهِ فَانْتَهَى فَلَهُ مَا سَلَفَ وَأَمْرُهُ إِلَى اللَّهِ

   [البقرة: 275].

“Ҳар кас, ки панде аз ҷониби Парвардигораш ба ӯ расид ва аз рибохӯрӣ бозистод, пас он чӣ дар гузашта ба даст овардааст, аз они ӯ мебошад ва кори ӯ ба Аллоҳ вогузор мешавад”.   (Сураи Бақара: 275).

Аллоҳ таъоло инро дар ҳаққи рибохӯр гуфтааст. Гуноҳоне, ки аз рибо хурдтар аст, аз боби авло ба он дохил аст.

   Аллоҳ  донотар аст.

Сарчашма

Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи Савол ва Ҷавоби Ислом

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android