0 / 0

Дар моҳи Рамазон чӣ чиз беҳтар аст, пардохти закоти мол ё таом додан ба камбағалон?

Савол: 67280

Дар моҳи Рамазон чӣ чиз беҳтар аст, пардохти закоти мол ё таом додан ба камбағалон?

Матни ҷавоб

Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Закот ибодати фарзие буда вақти муайяни худро дорад, ки он гузаштани як соли ҳиҷрӣ бар нисоб мебошад, ҳар вақт ки сол пурра шавад, пардохти закот воҷиб мегардад. Шахсе, ки дар моли ӯ закот воҷиб шудааст ва вақти пардохти он омадааст, ба таъхир гузоштани он аз вақти фарзшуда, ҷоиз нест, магар дар ҳолате, ки узри шаръӣ вуҷуд дошта бошад.

Барои адо намудани закот, моҳи Рамазонро мунтазир шудан  ҷоиз нест,  ба ҷуз андаке, монанди як ё ду ҳафта. Лутфан ба ҷавоби саволи рақами (13981) нигаред.

Ибни Қудома (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

"Закотро ба зудӣ (ба тезӣ) адо намудан воҷиб мебошад. Барои касе ки қудрат ва имконияти пардохтани закотро дорад, ҷоиз нест, ки онро ба таъхир бияндозад, ин дар ҳолест, ки аз зараре хавф надошта бошад. Ин суханонро Шофеӣ гуфтааст". Поёни сухан.

Китоби "Ал-Муғнӣ" (2/289).

Шайх Ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) пурсида шуд:

Оё закот дар моҳи Рамазон афзалият дорад, дар ҳоле ки он рукне аз рукнҳои Ислом аст?

Чунин ҷавоб дод :

"Закот монади дигар ибодатҳо аз амалҳои хайр буда, дар вақтҳои бофазилат, афзалтар мегардад. Лекин ҳар гоҳ закот воҷиб гашту, сол пурра шуд, бар инсон воҷиб аст, ки закотро адо намояд ва ба Рамазон ба таъхир наандозад. Агар дар моҳи Раҷаб як соли пурра шавад, набояд онро ба моҳи Рамазон ба таъхир андозад, балки бояд онро дар моҳи Раҷаб бидиҳад. Агар дар моҳи Муҳаррам як соли пурра шавад, пас ӯ бояд дар моҳи Муҳаррам закотро адо намояд ва набояд онро ба моҳи Рамазон ба тахъир андозад. Аммо агар дар моҳи Рамазон як соли пурра шавад, пас ӯ закотро дар моҳи Рамазон адо менамояд". Поёни сухан.

"Фатово исломия" (2/164).

Мақсади саволдиҳанда аз закот шояд садақаи нофила бошад, шакке нест ки саховатмандиву дасткушодӣ ва бахшоишу ато бо мол, таом, либос ва ғайра дар моҳи Рамазон аз дигар моҳҳо дида афзалтар мебошад. Барои ҳамин ҳам паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар Рамазон аз дигар моҳҳо дида бисёр саховатмандтар мешуд.

Аз Ибни Аббос (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) ривоят аст, ки мегӯяд: «Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) саховатмандтарини мардум буд ва дар Рамазон бошад, аз дигар вақтҳо дида саховатмандтар мешуд, ҳангоме ки Ҷибрил (а) бо ӯ дидор менамуд. Ӯ ҳар як шаби Рамазон бо расулуллоҳ дидор мекард ва бо ӯ Қуръонро мудораса мекард. Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) (дар Рамазон) аз боди вазанда ҳам саховатмандтар буд».   Бухорӣ ин ҳадисро зери рақами (6) ва Муслим зери рақами (2308) ривоят карданд.

Нававӣ гуфтааст: Дар ин ҳадис фоидаҳои бисёр вуҷуд дорад, аз ҷумла: Мустаҳаб будани саховатмандии бештар дар моҳи Рамазон.  

"Шарҳи Муслим" (15/69).

Ибни Қаййим (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

"Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) саховатмандтарини мардум буд ва дар моҳи Рамазон бисёр саховатмандтар мешуд, дар он моҳ садақаву эҳсон, тиловати Қуръон, зикру намоз ва эътикофро зиёд анҷом медод". Поёни сухан.

"Зоду-л-маод" (2/32).

Таом додан аҷру подоши бузург дорад ва барои иҷрокунандаи ин амал аҷру савоби зиёд дода мешавад. Ҳамоно Аллоҳ таъоло зикр намудаст, ки яке аз сифатҳои мӯъминони сазовори ҷаннат, ин аст, ки онон ба мардум таом медиҳанд.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

 وَيُطْعِمُونَ الطَّعَامَ عَلَى حُبِّهِ مِسْكِينًا وَيَتِيمًا وَأَسِيرًا . إِنَّمَا نُطْعِمُكُمْ لِوَجْهِ اللَّهِ لا نُرِيدُ مِنْكُمْ جَزَاءً وَلا شُكُورًا . إِنَّا نَخَافُ مِنْ رَبِّنَا يَوْمًا عَبُوسًا قَمْطَرِيرًا . فَوَقَاهُمُ اللَّهُ شَرَّ ذَلِكَ الْيَوْمِ وَلَقَّاهُمْ نَضْرَةً وَسُرُورًا . وَجَزَاهُمْ بِمَا صَبَرُوا جَنَّةً وَحَرِيرًا    الإنسان/8-12.

«Таомро бо вуҷуди ин, ки дӯст медоранд, ба мискин ва ятим ва асир медиҳанд (ва мегӯянд:) "Мо фақат ба хотири розигии Аллоҳ ба шумо таом медиҳем ва аз шумо на подоше мехоҳем ва на сипосе. Ҳамоно мо аз Парвардигорамон метарсем, (аз азоби) рӯзе ки абус ва хеле душвор аст". Пас Аллоҳ онҳоро аз шарри ҳамон рӯз нигаҳ дошт ва ба онҳо хуррамӣ ва шодмонӣ бахшид. Ва ба (подоши) сабре, ки карданд, ҷаннат ва (либоси) абрешимро ба онон ато намуд».   (Сураи Инсон: 8-12).

Ва инчунин паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додааст: «Касе рӯзадореро ифтор диҳад, ба монанди ӯ подош  хоҳад гирифт».   Тирмизӣ ин ҳадисро зери рақами (807) ва Ибни Моҷа зери рақами (1746) ривоят кардаанд. Албонӣ дар "Саҳеҳу-т-тирмизӣ" ин ҳадисро саҳеҳ донистааст.

Ва ҳамингуна газаштагони солеҳамон низ, ба таом додан зиёд саъю кӯшиш мекарданд, зеро (дар ҳадисҳову оятҳо) ба ин амал тарғибу ташвиқ омадааст.

Бояд донист, ки аз таом додан, дигар ибодатҳо низ сар мезанад, аз ҷумла меҳрубонӣ ва муҳаббат ба таомдодашудагон, ки ин сабабе аз сабабҳои дохил шудан ба ҷаннат мебошад. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Ба ҷаннат дохил намешавед, то имон наёваред ва имони шумо комил намегадад, то ягдигарро дӯст надоред».

Ва инчунин аз ибодатҳое, ки аз таом додан сар мезанад, ин ҳамнишинӣ бо солеҳон ва талаби савоб намудан дар кӯмаки онон бар ибодатҳое, ки аз таоми шумо қувват гирифтаанд.

Аммо дар мавриди бартарии таом додан бар садақа ё акси он, (яъне кадоме беҳтар аст, таом додан ё садақа) бисёре аз гузаштагон таом додани бародаронро аз  садақа додан ба мискинон афзал медонистанд.

Ҳадиси марфуъе дар ҳамин маъно аз Анас бо санади заифе ривоят шудааст, хоссатан агар бародарон ҳамонгуна таомро наёбанд.

Аз Алӣ (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ки гуфтааст: Ҷамъ намудани бародарҳоям бар сари як соъе аз таом, бароям беҳтар аст, аз ин ки ба бозоратон ворид шуда, ғуломонеро бихараму, озод намоям.

Ва аз Абуҷаъфар Муҳаммад ибни Алӣ ривоят аст, ки гуфтааст: Агар даҳ дӯстонамро даъват намуда, хӯроки дилкашашонро ба онҳо пешниҳод кунам, бароям аз  озод кардани даҳ фарзанди Исмоил беҳтар мебошад.

Шарҳи ҳадиси "Ихтисому-л-малъи-л-аъло"-и Ибни Раҷаб аз китоби "Маҷмуъу-р-расоил" (4/41).

Хулоса: Садақа кардан бо мол ва таом додан (ба мардум) ҳардуи он фазилати бузурге доранд. Аз ин хотир, барои анҷом додани ин ду ибодат дар якҷоягӣ саъю кӯшиш намоед, то барои шумо аз ҳамаи ибодатҳо насибе бошад.

   Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма

Ислом савол ва ҷавоб

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи Савол ва Ҷавоби Ислом

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android