Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Аввал:
Матни ҳадисе, ки саволдиҳандаи муҳтарам онро дар назар дорад, ҳадиси зерин аст:
Аз Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ки гуфт: Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Касе, ки даҳ оят дар як шаб бихонад, аз ҷузъи ғофилон навишта намешавад". Ҳоким ин ҳадисро дар Мустадрак (1/742) ривоят кардааст ва гуфт: Ин ҳадиси саҳеҳ бар шарти Муслим аст, вале он ду (яъне Бухорӣ ва Муслим) онро ривоят накардаанд. Албонӣ ин ҳадисро дар китоби "Саҳиҳу-т-тарғиб" (2/81) саҳеҳ гуфтааст.
Инчунин аз забони гурӯҳе аз саҳобагон (Аллоҳ аз онҳо хушнуд бод) ворид шудааст.
Аз Ибни Умар (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) ривоят шудааст, ки гуфт: "Касе, ки дар як шаб даҳ оят бихонад, аз ҷузъи ғофилон навишта намешавад". Ба монанди ин аз Тамими Дорӣ (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) низ ворид шудааст. Доримӣ ин ду ривоятро дар китоби Муснади худ (2/554-555) ривоят кардааст.
Дуввум:
Мақсад аз ҳадис ин оятҳоро дар намози шаб бихонад, ё ин фазилат танҳо бо хондани ин оятҳо дар шаб ҳосил мешавад, хоҳ дар намоз бошад, ё дар ғайри намоз бошад?
Эҳтимол дорад. Ривояти Абудовуд (1398) сухани аввалро таъйид медиҳад, ки он аз Абуллоҳ ибни Амр ибни Ос (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) ривоят шудааст, ки гуфт: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Касе, ки дар намози шаб даҳ оят бихонад, аз ҷузъи ғофилон навишта намешавад. Касе, ки дар намози шаб сад оят бихонад, аз ҷузъи қонитон (фармонбардорон) навишта мешавад. Касе, ки дар намози шаб ҳазор оят бихонад, аз ҷузъи муқантирин (соҳиби аҷри бисёр бузург) навишта мешавад". Албонӣ ин ҳадисро дар китоби Саҳиҳи Абудовуд (1264) саҳеҳ гуфтааст.
Дар китоби "Авну-л-маъбуд" гуфт: "Мақсад дар инҷо, дар намози шаб". Аз ин хотир Ибни Ҳиббон ҳадиси гузаштаро дар боби намози шаб, дар китоби Саҳиҳ-и худ (4/120) ривоят намуда ва онро чунин унвонгузорӣ кардааст: "Дар баёни нафйи ғафлат аз касе, ки дар намози шаб даҳ оят бихонад… ".
Инчунин онро ҳадиси Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) тақвият медиҳад ва бо лафзи зерин омадааст: "Касе, ки дар намози шаб сад оят бихонад, аз ҷузъи ғофилон навишта намешавад. Касе, ки дар намози шаб дусад оят бихонад, аз ҷузъи қонитон (фармонбардорон) ва мухлисон навишта мешавад". Ҳоким ин ҳадисро дар Мустадрак (1/742) ривоят кардааст ва гуфт: Ин ҳадиси саҳеҳ бар шарти Муслим аст. Вале Албонӣ дар "Ас-cаҳиҳа" (2/243) ва "Заифу-т-тарғиб" (1/190) ба заиф будани он майл кардааст.
Дар ривояти ибни Хузайма (2/180) омадааст: "Касе, ки намозҳои фарзшударо бардавом бихонад, аз ҷузъи ғофилон навишта намешавад. Касе, ки дар шаб сад оят бихонад, аз ҷузъи ғофилон навишта намешавад, ё ин ки ҷумлаи қонитон (фармонбардорон) навишта мешавад".
Албонӣ дар "Ас-cаҳиҳа" (643) гуфт: Санади ин ҳадис бар шарти Бухорӣ ва Муслим саҳеҳ аст.
Аз иртиботи қироъат бо намози фариза, фаҳмида мешавад, ки мақсад аз он қироъат дар намоз, яъне: намози шаб аст.
Аз ин хотир ибни Хузайма ҳадиси Абуҳурайраро дар боби: "Боби зикри фазилати қироъати сад оят дар намози шаб, чунки хонандаи сад оят дар шаб, аз ҷузъи ғофилон навишта намешавад". Инчунин Муҳаммад ибни Наср Ал-Марвазӣ дар китоби худ, Намози шаб (164, мухтасар) дар заминаи бобҳои алоқаманд ба қироъат дар намози шаб ривоят намудааст.
Эҳтимол дорад, ки ин фазилат барои касе ҳосил мешавад, ки дар шаб ин миқдор оятҳоро бихонад, хоҳ дар намоз бошад, ё дар ғайри намоз, хоҳ пеш аз хоб, ё баъд аз бедор шудан, ҳар гоҳ дар шаб бедор шавад. Ин маънои умумро бисёре аз аҳли илм дар ривояти ин ҳадис, дар китобҳояшон пазируфтаанд. Доримӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) (2/554) боберо чунин унвонгузорӣ кардааст: "Дар баёни фазилати касе, ки даҳ оят бихонад". Ҳоким дар китоби Мустадраки худ (1/738) боберо чунин унвонгузорӣ кардааст: "Ахбор дар фазилатҳои Қуръон". Инчунин Ал-Мунзирӣ дар китоби Ат-тарғибу ва-т-тарҳиби худ (2/76) боберо чунин унвонгузорӣ кардааст: "Тарғибу ташвиқ ба қироъати Қуръон дар намоз ва ғайри он ва фазилати таълиму омӯзиши он" ва онро бори дигар дар зери боби (2/116) зикр намудааст: "Тарғибу ташвиқ ба зикрҳое, ки дар шабу рӯз гуфта мешавад, ба ғайри зикрҳои махсуси субҳу шом".
Нававӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар китоби "Ал-Азкор" (1/255) мефармояд:
"Бидон, ки қироъати Қуръон муаккадтарин азкор аст. Бинобар ин мудовамат бар он шоиста аст. Ягон рӯз ва шаберо бе қироъати Қуръон нагузаронад. Асли қироъат ба хондани андаке аз оятҳо ҳосил мешавад".. (Сипас ҳадисҳоеро, аз ҷумла ҳадиси собиқи Абуҳурайраро зикр намуд). Поёни сухан.
Умед мекунем, ки касе даҳ оятеро дар як шаб бихонад, аз ҷузъи ғофилон навишта намешавад. Хоҳ онро дар намози шаб бихонад, ё берун аз намоз бихонад. Фазли Аллоҳ таъоло васеъ аст.
Дар Саҳиҳ-и Муслим (789) аз ибни Умар (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) ривоят шудааст, ки гуфт: Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "… Агар ҳофизи Қуръон дар шабу рӯз бархезаду, Қуръон бихонад, пас ҳаргиз онро фаромӯш нахоҳад кард. Агар нахонад, фаромӯш хоҳад кард".
Зоҳири ҳадис ин аст, мақсад аз бархестан дар инҷо, аз бархестан барои намоз васеътар аст. Ал-Мановӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Яъне ба тиловати Қуръон дар шабу рӯз пойбанд бошад ва аз он ғофил нашавад … дар он тавсияест ба бардавом тиловат кардани Қуръон … бидуни маҳдуд кардани вақт ё макон. ". Поёни сухан бо ихтисор.
Cаввум:
Дар суннат омадааст, ки ҳар гоҳ мусулмон ба ҷойгаҳи худ дарояд, баъзе оятҳоро бихонад.
Аз ҷумлаи сураҳо ва оятҳое, ки хондани онҳо суннат аст, инҳоянд:
1. Ояталкурсӣ.
Дар Саҳиҳ-и Бухорӣ (2311) аз Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ки гуфт:
Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) нигаҳбонии закоти рамазонро ба ман супурд. Шахсе омад ва ба дуздидани таом (гандум) оғоз кард. . . Ҳадисро нақл кард ва дар охири он гуфт: Ҳангоме ки ба ҷойгаҳи худ даромадӣ, ояталкурсиро бихон, аз ҷониби Аллоҳ таъоло бароят муҳофиз ва нигаҳбоне гузошта мешавад ва то субҳ шайтон ба ту наздик намешавад.
Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Ба ту рост гуфтааст, вале ӯ бисёр дурӯғгӯй аст. Ӯ шайтон аст.
2. Ду ояти охири сураи Бақара.
Аз Абумасъуд (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ки гуфт: Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:
"Касе, ки ду ояти охири сураи Бақараро дар шаб бихонад, ӯро кифоят мекунанд". Ривояти Бухорӣ (5009) ва Муслим (2714). Ибни Қаййим дар китоби "Ал-Вобилу-с-саййиб" (132) гуфт: Аз бадии чизҳои азиятдиҳанда, ӯро кифоят мекунанд.
Аз Алӣ (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ки гуфт:
"Намедидам касе, ки оқил бошад, бихобад пеш аз ин ки се ояти охири сураи Бақараро бихонад". Нававӣ ин ҳадисро дар китоби Ал-Азкор (220) ба ривояти Абубакр ибни Абудовуд нисбат дода, сипас гуфтааст: Ин ҳадис бар шарти Бухорӣ ва Муслим саҳеҳ аст.
3, 4. Сураи Исро ва Зумар.
Аз Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки фармуд:
"Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) намехобид, то ин ки сураи Банӣ Исроил (Исро) ва сураи Зумарро мехонд". Ривояти Тирмизӣ (3402). Тирмизӣ гуфт: Ҳадиси ҳасан. Ҳофиз ибни Ҳаҷар ин ҳадисро дар китоби "Натоиҷу-л-афкор" (3/65) ҳасан гуфтааст. Албонӣ ин ҳадисро дар китоби "Саҳиҳу-т-тирмизӣ" саҳеҳ гуфтааст.
5. Сураи Кофирун.
Аз Навфал ал-Ашҷаъӣ (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ки гуфт: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба ман гуфт:
"(Қул я айюҳал кафирун)-ро бихон, сипас дар поёни он бихоб, ки ин безорӣ аз ширк аст". Ривояти Абудовуд (5055) ва Тирмизӣ (3400). Ибни Ҳаҷар ин ҳадисро дар китоби "Натоиҷу-л-афкор" (3/61) ҳасан гуфтааст. Албонӣ ин ҳадисро дар китоби Саҳиҳи Абудовуд саҳеҳ гуфтааст.
6, 7, 8. Сураи Ихлос ва муъаввизатайн (сураи Фалақ ва Нос).
Аз Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки фармуд:
"Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳар шаб ҳангоме ки ба ҷойгаҳи худ медаромад, кафҳояшро ҷамъ намуда дар онҳо Қул ҳуваллоҳу аҳад ва Қул аъузу бираббил фалақ ва Қул аъузу бираббин нос-ро хонда медамид, сипас аз сару рӯяш оғоз карда, ба ҳар куҷои баданаш дасташ бирасад, кафҳояшро мемолид. Ин амалро се маротиба анҷом медод". Ривояти Бухорӣ (5017).
Иброҳими Нахаъӣ гуфт:
"Мустаҳаб медонистанд, ки ин се сураро дар ҳар шаб се маротиба бихонанд: Қул ҳуваллоҳу аҳад ва муъаввизатайн (сураи Фалақ ва Нос). Нававӣ дар китоби Ал-Азкор (221) гуфт: Санади он саҳеҳ бар шарти Муслим аст.
Чаҳорум:
Нававӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар китоби "Ал-Азкор" (221) мефармояд:
"Беҳтар ин аст, ки инсон ҳамаи азкори дар ин боб воридаро бихонад, агар натавонад, ба муҳимтарини он азкоре, ки метавонад, иктифо кунад". Поёни сухан.
Шарт нест, ки аз масҳаф бихонад. Кофист, ки мусулмон он чӣ ки барояш муяссар шуд, аз он чӣ ки дар боло зикр шуд, аз ҳифзаш бихонад. Аллоҳ таъоло он чиро, ки ваъда додааст, барояш менависад.
Аллоҳ донотар аст.