Дар мавриди рӯзаи шаш рӯзи Шаввол баъди Рамазон, оё шарт аст, ки пайдарпай бошад, ё метавонам онро дар алоҳидагӣ анҷом бидиҳам? Чунки ман мехоҳам, ки ин рӯзаро се дафъа, ду рӯзӣ дар рӯзҳои истироҳат, дар охири ҳар ҳафта бигирам.
Оё пайдарпай рӯза гирифтани шаш рӯзи Шаввол шарт аст?
Савол: 7858
Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Пайдарпай рӯза гирифтани он шарт нест. Агар ин рӯзаро дар алоҳидагӣ ё пайдарпай анҷом бидиҳад, ҳеҷ ишколе надорад ва ҳар чӣ зудтар онро адо намояд, беҳтар аст, зеро Аллоҳ таъоло фармудааст:
فَاسْتَبِقُواْ الْخَيْرَاتِ البقرة: 148
"Пас барои ба ҷо овардани хубиҳо бишитобед". (Сураи Бақара: 148).
Инчунин Аллоҳ таъоло фармудааст:
وَسَارِعُواْ إِلَى مَغْفِرَةٍ مِّن رَّبِّكُمْ آل عمران: 133
"Ва ба сӯи омурзиши Парвардигоратон бишитобед". (Сураи Оли Имрон: 133).
Мӯсо (дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:
وَعَجِلْتُ إِلَيْكَ رَبِّ لِتَرْضَى طه: 84
"Эй Парвардигорам! Ман ба сӯят шитофтам, то хушнуд шавӣ". (Сураи Тоҳо: 84).
Зеро дар таъхир офатҳоест. Ин дидгоҳи шофеиён ва бархе аз донишмандони ҳанбалӣ мебошад. Лекин зуд анҷом надодани он ҳеҷ ишколе надорад, гарчанде ки онро дар мобайн ё охири моҳ анҷом бидиҳад, ҳеҷ боке надорад.
Нававӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:
Асҳоби мо гуфтаанд: Рӯзаи шаш рӯзи Шаввол бо ин ҳадис мустаҳаб аст. Гуфтаанд: Мустаҳаб аст, ки онро пайдарпай дар аввали Шаввол анҷом бидиҳад, агар онро дар алоҳидагӣ адо намояд, ё онро аз аввали Шаввол ба таъхир бияндозад, ҷоиз аст. Ба сабаби ом будани лафзи ҳадис, асли ин суннатро анҷом додааст. Дар ин маврид назди мо ихтилофе вуҷуд надорад. Аҳмад ва Довуд низ ҳаминтавр гуфтаанд. Китоби "Ал-Маҷмуъ шарҳу-л-муҳаззаб".
Сарчашма:
Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид