Рамазон моҳест, ки дар он ҳар як мусулмон барои ибодат кардан ғайрати бештар пайдо мекунад, ки ин ҳолат ба ҳар бинанда ба таври возеҳ аён аст. Мехоҳам, ки доир ба ҳукми намози таровеҳ барои шахсе, ки дар сафар аст, бипурсам?
Ҳукми намози таровеҳ барои мусофир
Савол: 79593
Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Намози таровеҳ дар моҳи Рамазон шабзиндадорӣ ба шумор меравад, ки Аллоҳ таъоло аҳли онро ситоиш намуда, чунин фармудааст:
كَانُوا قَلِيلًا مِّنَ اللَّيْلِ مَا يَهْجَعُونَ الذاريات/17
"Онҳо каме аз шабро мехобиданд (ва бақияи шабро бо намоз мегузарониданд)". (Сураи Зориёт: 17).
Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар Рамазон ва ғайри он шабзиндадорӣ мекард ва намози шабро чӣ дар хона бошад ва чӣ дар сафар тарк намекард.
Ибни Қайим (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар ин хусус чунин мегӯяд: "Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) чӣ дар хона ва чӣ дар сафар намози шабро тарк намекард. Ҳар гоҳ аз сабаби хастагӣ ва ё беморӣ онро хонда натавонад, рӯзона дувоздаҳ ракъат намоз мехонд". "Зоду-л-маъод" (1/311).
Бухорӣ (945) аз Ибни Умар (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) ривоят кардааст, ки гуфт: "Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) намози шабро ба истиснои намозҳои фариза дар сафар бар пушти маркаб ва ба ҳар тарафе, ки он мерафт, ишора намуда мехонд. Намози витрро низ бар пушти маркаб мехонд".
Бухорӣ (1034) аз Солим ибни Абдуллоҳ ибни Умар (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) ривоят кардааст, ки гуфт: Абдуллоҳ ибни Умар (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) намози шабро дар сафар бар болои маркабаш мехонд ва ба самти қибла эътибор намедод. Ибни Умар гуфт: "Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) бар пушти маркаб ва ба ҳар тарафе, ки он мерафт, намози нафл мехонд. Намози витрро низ бар пушти маркаб мехонд. Вале намози фарзро бар пушти маркаб намехонд".
Шахси мусофир дар сафар аз ҷумлаи намозҳои нафл танҳо суннатҳои қаблӣ ва баъдии пешин ва суннати шом ва суннати хуфтанро тарк мекунад. Аммо ғайри он, дигар суннатҳову нофилаҳо барои мусофиру муқим машрӯъ аст.
Муслим дар китоби "Саҳиҳ"-и худ (1112) аз Ҳафс ибни Осим ибни Умар ибни Хаттоб ривоят кардааст, ки ӯ гуфтааст: Дар роҳи Макка ҳамроҳ бо Ибни Умар будам. Намози пешинро бар мо ду ракъат хонд. Баъд ба роҳ баромад ва мо низ ҳамроҳаш ба роҳ шудем. Вақте назди маркабаш омад, бар он нишаст ва мо низ чунин кардем. Сипас, ба он ҷойе, ки намоз хонда буд, нигоҳ карда, чашмаш ба гурӯҳе афтид, ки намоз мехонданд. Баъд гуфт: Онҳо чӣ мекунанд? Гуфтам: Онҳо намози суннат мехонанд. Гуфт: Агар ман суннат хонданӣ бошам, намози фарзамро пурра мехондам. Эй бародарзода, ман дар сафар ҳамроҳи расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) будам. Ӯ то дами марг (дар сафар) аз ду ракъат зиёд намехонд. Баъд ҳамроҳи Абубакр будам. Ӯ низ то дами марг дар сафар аз ду ракъат зиёд намехонд. Баъд ҳамроҳи Умар будам. Ӯ ҳам то дами вафот дар сафар аз ду ракъат зиёд намехонд. Баъд ҳамроҳи Усмон будам. Ӯ низ то дами вафот дар сафар аз ду ракъат зиёд намехонд. Аллоҳ таъоло фармудааст:
لَقَدْ كَانَ لَكُمْ فِي رَسُولِ اللَّهِ أُسْوَةٌ حَسَنَةٌ
"Дар ҳақиқат барои шумо дар (гуфтору кирдор ва рафтори) расулуллоҳ, намунаи накӯе аст". (Сураи Аҳзоб: 21).
Сухани Ибни Умар (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод): "Агар ман суннат хонданӣ бошам, намози фарзамро пурра мехондам" маънои онро дорад, ки агар ман дар сафар намози нафлро интихоб намоям, бароям беҳтар он буд, ки фарзро чаҳор ракъат пурра хонам. Вале ман ин дуро раво намедонам, зеро қаср (кӯтоҳ кардани фарзҳои чор ракъата) ва тарк кардани суннатҳои ротиба (суннатҳои қаблӣ ва баъдии намозҳои фариза) суннат мебошад.
Аз донишмандони кумитаи доимии фатво пурсиданд:
Шумо оиди мусофирон чӣ мегӯед, оё барояшон беҳтар аст, ки намози таровеҳро дар Рамазон бихонанд ё не? (Дар ҳоле ки онҳо намозро қаср мехонанд).
Дар ҷавоб гуфтанд:
"Намози шабҳои Рамазон (таровеҳ) аз тарафи расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) суннат гардонида шудааст. Аз ин хотир саҳобагон (Аллоҳ аз онҳо хушнуд бод) ин суннатро аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) омӯхта, ба он амал карданд ва (ин суннат) то имрӯз идома ёфтааст. Дар "Саҳиҳ"-и Бухорӣ ва "Саҳиҳ"-и Муслим аз Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ҳадисе собит шудааст, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) чанд шабе (дар моҳи Рамазон) намоз хонд ва саҳобагон низ бо ҳамроҳи ӯ намоз хонданд. Баъд аз он дигар ба намози шаб набаромад ва дар боқимондаи моҳ дар хонаи худ намози шаб хонд. Сипас фармуд: "Тарсидам, ки бар шумо фарз гардаду шумо онро адо карда натавонед".
Дар ривояти Бухорӣ омадааст, ки Умар (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) мардумро ҷамъ намуда, Убай ибни Каъбро имом таин намуд ва ӯ ба онҳо намози таровеҳ хонд.
Дар "Саҳиҳ"-и Бухорӣ ва "Саҳиҳ"-и Муслим аз Абусалама ибни Абдураҳмон собит шудааст, ки ӯ ба Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) чунин савол дод: Намози шаби расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) чӣ гуна буд? Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) дар ҷавоб гуфт: "Дар моҳи Рамазон ва ғайри он аз ёздаҳ ракъат зиёд намехонд".
Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар моҳи Рамазон сафар мекард, аз ҷумлаи сафарҳое, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар ҳамин моҳ анҷом дода буд, сафар ба фатҳи Макка мебошад. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) рӯзи даҳуми моҳи Рамазони соли ҳаштуми ҳиҷрӣ ба сафар баромад. Ибни Қаййим фармудааст: "Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) чӣ дар хона ва чӣ дар сафар намози шабро тарк намекард. Ҳар гоҳ аз сабаби хастагӣ ва ё беморӣ онро хонда натавонад, рӯзона дувоздаҳ ракъат мехонд".
Аз ин маълум мешавад, ки агар онон намози таровеҳро дар сафар бихонанд, ба таҳқиқ суннатро ба ҷой овардаанд. Поёни сухан.
"Фатово-л-лаҷнату-д-доима" (7/206).
Хулоса, намози таровеҳ барои мусофир мисли шахси муқим суннат аст, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) намози шабро дар хона ва ҳам дар сафар бардавом мехонд.
Аз Аллоҳ таъоло мепурсем, ки мову шуморо ба тоат ва ризои худ муваффақ гардонад.
Аллоҳ донотар аст.
Сарчашма:
Ислом савол ва ҷавоб