загрузка
0 / 0

Ӯ дар кишвари хориҷӣ зиндагӣ мекунад ва забҳи шаръӣ муяссар нест. Оё барояш рухсат аст, ки аз забҳи ғайришаръӣ тановул бикунад?

Савол: 82444

Якуним сол аст, ки ман дар як кишвари хориҷӣ бо мақсади таҳсил истиқомат мекунам. Дар ин ҷо забҳи ҳалол вуҷуд надорад. Оё бароям ҷоиз аст, ки (аз он гӯштҳо) бихӯрам ё на? Лутфан таваҷҷӯҳ дошта бошед, ки дар ин ҷо забҳ намудан мамнӯъ мебошад.

Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аввал:

Агар таҳсил дар кишварҳои мусулмонон вуҷуд дошта бошад, бароятон ҷоиз нест, ки ба хотири он ба кишварҳои куфр сафар намоед. Дар миёни кофирон истиқомат кардан бар шумо ҳаром аст, магар дар ҳолатҳои зарурӣ, ба монанди табобат, тиҷорат, даъват ва ё таҳсиле, ки дар кишварҳои мусулмонон вуҷуд надорад ва он ҳатмию ногузир бошад. Бояд таваҷҷӯҳ намуд, ки шароити таҳсил мувофиқи Шариат бошад, яъне ихтилот набошад. Ин чиз дар он кишварҳое, ки мардумро ба беҳаё сохтани зан даъват мекунанд ва ба вайрон шудани ахлоқ ва ба нашр намудани бемориҳои марговар мусоидат менамоянд, шояд кам ва ё ҳатто вуҷуд надошта бошад.

Лутфан ба ҷавоби саволи рақами (13342) ва (27211) нигаред.

Дуввум:

Агар ба он ҷо биравед, бароятон ҷоиз нест, ки аз гӯште, ки тибқи шариати исломӣ забҳ нашудааст, бихӯред. Дастрас набудани гӯшти забҳи шаръӣ шуморо маъзур намегардонад, (яъне дастрас набудани гӯшти ҳалол барои шумо баҳонае нест, ки гӯшти забҳи ғайришаръиро бихӯред), зеро шумо метавонед маҳсулоти баҳрӣ бихӯред ва инчунин метавонед ғайр аз гӯшт, хӯрокҳои дигареро аз қабили консерваю донагиҳо бихӯред. Шумо метавонед ба таври ҷиддӣ марказҳои исломиеро, ки мусулмононро бо гӯшти ҳалол таъмин мекунанд, ҷустуҷӯ намоед.

Лутфан ба ҷавоби саволи рақами (10339) нигаред.

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма

Ислом савол ва ҷавоб

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи Савол ва Ҷавоби Ислом

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android
at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи Савол ва Ҷавоби Ислом

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android