0 / 0

Шартҳои хӯрдан аз забиҳаи яҳудӣ ва насронӣ

Савол: 88206

Ман медонам, ки ҳангоми забҳи ҳайвони ҳалол "Бисмиллоҳ" гуфтан шарт аст. Ва хӯрдан аз гуште, ки ҳангоми забҳ "Бисмиллоҳ" гуфта нашудааст, ҷоиз нест. Лекин дар баъзе вақтҳо шахси мусулмон маҷбур мешавад, ки барои кор ва ё таълим ба кишварҳои ғайри мусулмон сафар карда, онҷо чанд сол боқӣ бимонад. Оё дар тамоми он муддате, ки он ҷо боқӣ мемонад, гушт нахӯрад? Ё ин ҳолатро ҳамчун ҳолати маҷбурӣ шуморида, аз ночорӣ гушти онҷоро бихӯрад ва ё ҳангоми хурдан "Бисмиллоҳ" гӯяд, кифоя аст?

Матни ҷавоб

Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аввал:

Бино бар саҳеҳтарин дидгоҳи донишмандон барои ҳалол шудани ҳайвони забҳшуда "Бисмиллоҳ" гуфтан шарт буда, бо сабаби фаромӯшӣ ва ё нодонӣ соқит намешавад. Ба саволи рақами (85669) назар кунед.

Дувум:

Забиҳа (ҳайвони забҳкарда)-и аҳли китоб (яҳуду насоро) бо ду шарт ҳалол аст:

Шарти аввал: Ҳайвонотро монанди мусулмонон забҳ кунанд, яъне бояд ҳалқ ва роҳи таъомгузари онро бурида, хунро ҷорӣ кунонанд. Агар онро бо роҳи буғӣ кардан ва ё барқ ва ё дар об ғарқ намудан бикушанд, забҳкардаи онон ҳалол нест ва ҳамчунин агар мусулмоне бо ин тариқа забҳ кунад, забҳкардаи ӯ низ ҳалол нест.

Шарти дуввум: Ҳангоми забҳ ба ҷуз номи Аллоҳ таъоло  номи дигаре, мисли номи Масеҳ ва ё ғайра зикр карда нашавад, зеро Аллоҳ таъоло мефармояд:

 وَلَا تَأْكُلُوا مِمَّا لَمْ يُذْكَرِ اسْمُ اللهِ عَلَيْهِ           سورة الأنعام: 121 

«Ва аз гӯште, ки (ҳангоми забҳ) номи Аллоҳ бар он зикр нашудааст, нахӯред».   (Сураи Анъом: 121).

Инчунин бобати чизҳои ҳаромшуда мефармояд:

إِنَّمَا حَرَّمَ عَلَيْكُمُ الْمَيْتَةَ وَالدَّمَ وَلَحْمَ الْخِنْزِيرِ وَمَا أُهِلَّ بِهِ لِغَيْرِ اللهِ              سورة البقرة: 173  

«Танҳо мурдор ва хун ва гӯшти хук ва он чиро, ки (ҳангоми забҳ) номи ғайри Аллоҳ бар он гуфта шавад, бар шумо ҳаром кардааст».   (Сураи Бақара: 173).

Шайх Ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) чунин гуфтааст:

"Мақсад аз зикр намудани номи ғайри Аллоҳ дар ҳангоми забҳ ин аст, ки масалан бигӯяд: "ба номи Масеҳ" ва ё "ба номи Муҳаммад" ва ё "ба номи Ҷибрил" ва ё "ба номи Лот" ва ғайра мебошад". Поёни сухан аз тафсири сураи Бақара.

Ҳамчунин ҳар он чизе ки барои Масеҳ ва ё Заҳра забҳ карда мешавад, ба ҳаром дохил аст, гарчанде ки номи ғайри Аллоҳро (ҳангоми забҳ) зикр накунанд. Ин ҳам ҳаром мебошад.

Шайху-л-ислом Ибни Таймия (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) чунин гуфтааст:

"Аммо он чизе, ки аҳли китоб барои идҳояшон ва ё барои ғайри Аллоҳ забҳ мекунанд, ба ҳадй ва қурбонии мусулмонон, ки барои Аллоҳ аст, монандӣ дорад. Он мисли қурбоние, ки онҳо барои Масеҳ ва Заҳра анҷом медиҳанд. Дар ин мавзӯъ аз Аҳмад ду ривоят омадааст, ки машҳуртарини он, ин аст, ки хӯрдани он раво нест, гарчанде ки номи ғайри Аллоҳ таъоло (дар ҳангоми забҳ) зикр карда нашавад. Ва манъ будани онро аз Оиша ва Абдуллоҳ ибни Умар (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) нақл намудааст …". поёни сухан аз китоби "Иқтизоу-с-сироти-л-мустақим" (1/251).

Саввум:

Ҳар гоҳ мусулмон ва ё аҳли китоб ҳайвонеро забҳ намояд ва маълум набошад, ки оё номи Аллоҳро дар он зикр намудааст ва ё на, пас дар ин ҳолат ҷоиз аст, ки аз гӯшти он бихӯрад ва ҳангоми хӯрдан "Бисмиллоҳ" мегӯяд, зеро Бухорӣ (2057) аз Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят намудааст, ки гурӯҳе гуфтаанд: Эй расулуллоҳ! Қавме барои мо гӯшт меоранд ва мо намедонем, ки оё (ҳангоми забҳ) номи Аллоҳро зикр намудаанд ва ё на. Пас расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: «Шумо номи Аллоҳро зикр намуда, онро бихӯред».

Шайх Ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) чунин гуфтааст: "Оиди ҳайвоне, ки мусулмон ва ё аҳли китоб забҳ намудааст, зарур нест, ки саволҳои зеринро бипурсад: Чӣ гуна забҳ намудааст ва оё дар ҳангоми забҳ "Бисмиллоҳ" гуфтааст ва ё на?

Шоиста нест, зеро ин сахтгирӣ дар дин ба ҳисоб меравад. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) аз гӯшти ҳайвоне, ки яҳудон забҳ намудаанд, хӯрдааст ва ба онҳо савол надодааст. Дар "Саҳиҳ"-и Бухорӣ ва дар дигар китобҳо ворид шудааст, ки гурӯҳе ба паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтаанд: Қавме барои мо гӯшт меоранд ва мо намедонем, ки оё (ҳангоми забҳ) номи Аллоҳро зикр намудаанд ва ё на. Пас расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: «Шумо номи Аллоҳро зикр намуда, онро бихӯред».

Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) гуфт: Он мардум нав аз куфр раҳо шуда буданд. Пас паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба онҳо амр намуд, ки аз он саволнакарда, бихӯранд, бо вуҷуди он ки шахсони гӯшт оварда, шояд аз аҳкоми Ислом огоҳ набуданд, чунки онҳо нав аз куфр раҳо ёфта буданд. Поёни сухан аз "Рисалатун фӣ аҳкоми-л-узҳияти ва-з-закот"-и Шайх Ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод). 

Чаҳорум:

Бинобар он чизе, ки гузашт, агар касе ба кишвари ғайри мусулмон сафар бикунад ва ғолибан қассобони он кишвар насоро ва ё яҳуд бошанд, пас дар ин ҳолат, бар ӯ ҳалол аст, ки аз забиҳаи онҳо бихӯрад, магар дар ҳолате, ки агар бидонад, ки онҳо ҳайвонро бо барқ мекушанд ва ё ҳангоми забҳ номи ғайри Аллоҳ зикр мекунанд, чи тавре, ки дар боло гуфта будем.

Агар забҳкунанда (қассоб) бутпараст ва ё коммунист бошад, пас дар ин ҳолат, забиҳаи ӯ ҳалол намебошад.

Он ҷое, ки забиҳа ҳаром аст, аз ин рӯ, бо далели маҷбур будан, онро хурдан ҷоиз нест, дар ҳоле ки инсон чизҳоеро пайдо менамояд, ки бо он ҳаёти худро ҳифз карда метавонад, мисли моҳӣ, донагиҳо ва ғайра.

Шайх Абдурраҳмон Баррок (Аллоҳ ӯро ҳифз кунад) чунин гуфтааст: "Гӯштҳое, ки дар кишварҳои кофирон ба фурӯш гузошта мешаванд, якчанд намуд аст:

Моҳӣ. Моҳӣ дар ҳама ҳолат ҳалол буда, он ба буридани сар ва ба "Бисмиллоҳ" гуфтан вобастагӣ надорад.

Дигар намуди гӯштҳо. Агар ононе, ки маҳсулоти гуштӣ истеҳсол мекунанд, ширкатҳо ва ё афроде, ки аз аҳли китоб, яҳуду насоро бошанд ва онҳо ҳайвонро бо қувваи барқ ва ё бо роҳи буғӣ кардан ва ё бар сараш зада накушанд, чи гунае, ки чизҳои мазкур дар кишварҳои ғарб машҳур аст, пас ин гуна гуштҳо ҳалол мебошанд. Аллоҳ таъоло мефармояд:

الْيَوْمَ أُحِلَّ لَكُمُ الطَّيِّبَاتُ وَطَعَامُ الَّذِينَ أُوتُوا الْكِتَابَ حِلٌّ لَّكُمْ وَطَعَامُكُمْ حِلٌّ لَّهُمْ        سورة المائدة: 5 

«Имрӯз чизҳои покиза барои шумо ҳалол шуд ва таом (забиҳа)-и аҳли китоб бар шумо ҳалол аст ва таом (забиҳа)-и шумо (низ) бар онҳо ҳалол аст».    (Сураи Моида: 5).

Агар ҳайвонро ба яке аз ин тариқаҳои дар боло зикршуда забҳ кунанд, пас гушти он ҳаром аст, зеро он дар ин ҳолат, аз ҷумлаи буғишудаву бо санг зада ба ҳисоб меравад. Агар шахсоне, ки гуштро истеҳсол мекунанд, яҳуду насоро набошанд, пас он гуштҳоеро, ки ба фурӯш мегузоранд, ҳаром мебошанд. Аллоҳ таъоло мефармояд:

 وَلَا تَأْكُلُوا مِمَّا لَمْ يُذْكَرِ اسْمُ اللهِ عَلَيْهِ    سورة الأنعام: 121 

«Ва аз гӯште, ки (ҳангоми забҳ) номи Аллоҳ бар он зикр нашудааст, нахӯред, ки ин кор гуноҳ аст».   (Сураи Анъом: 121).

Пас бояд мусулмон кӯшиш намуда, аз ҳароми ошкоро дурӣ биҷӯяд ва аз чизҳои шубҳанок баҳри саломатии дин ва бадани худ аз ҳаромхурӣ тақво кунад". Поёни сухан.

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма

Ислом савол ва ҷавоб

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи Савол ва Ҷавоби Ислом

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android