0 / 0

Оё дар сайёраҳои дигар ҳаёт вуҷуд дорад?

Савол: 89999

Оё дар дигар сайёраҳо ё дар дигар галактикаҳо ғайр аз галактикаи офтобӣ ҳаёт вуҷуд дорад?

Матни ҷавоб

Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аммо осмонҳои ҳафтгона пур аз фариштагонанд, чунон ки Аллоҳ таъоло мефармояд:

تَكَادُ السَّمَاوَاتُ يَتَفَطَّرْنَ مِنْ فَوْقِهِنَّ وَالْمَلَائِكَةُ يُسَبِّحُونَ بِحَمْدِ رَبِّهِمْ وَيَسْتَغْفِرُونَ لِمَنْ فِي الْأَرْضِ أَلَا إِنَّ اللهَ هُوَ الْغَفُورُ الرَّحِيمُ

سورة الشورى: ٥

«Наздик аст, ки осмонҳо (аз азамати илоҳӣ) аз фарози якдигар бишкофанд ва фариштагон ба ситоиши Парвардигорашон тасбеҳ мегӯянд ва барои касоне, ки дар замин ҳастанд, омурзиш металабанд. Огоҳ бошед, ки Аллоҳ омурзандаву меҳрубон аст».   (Сураи Шуро: 5).

Аллоҳ таъоло мефармояд:

‏فَإِنِ اسْتَكْبَرُوا فَالَّذِينَ عِنْدَ رَبِّكَ يُسَبِّحُونَ لَهُ بِاللَّيْلِ وَالنَّهَارِ وَهُمْ لَا يَسْأَمُونَ

سورة فصلت: ٣٨

«Пас агар (кофирон) такаббур варзанд, пас бидонанд касоне, ки назди Парвардигорат ҳастанд, шабу рӯз Ӯро тасбеҳ мегӯянд ва онҳо хаста намешаванд».   (Сураи Фуссилат: 38).

Тирмизӣ (2312) аз Абузар (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардааст, ки мегӯяд: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:
«Ман чизҳоеро мебинам, ки шумо онро намебинед. Ман чизҳоеро мешунавам, ки шумо онро намешунавед. Осмон (аз сабаби зиёд будани фариштагон дар болояш) садое баровард ва ҳақ дорад, ки садо барорад, чун ҳеҷ ҷое ҳатто ба андозаи чаҳор ангушт ҳам дар он ҷо вуҷуд надорад, магар ин ки фариштае пешониашро бар он ҷо ниҳода, барои Аллоҳ таъоло ба саҷда рафтааст. Савганд ба Аллоҳ, агар он чи, ки ман (оиди азамату бузургии Аллоҳ таъоло ва шиддати интиқомаш) медонам, шумо медонистед, кам механдидеду зиёд гиря мекардед ва (аз шиддати тарс) дар бистарҳо аз занонатон лаззат намебурдед ва сар ба кӯча ва биёбон мегузоштед ва ба пешгоҳи Аллоҳ таъоло зорӣ мекардед ва аз Ӯ кӯмак мехостед».   Албонӣ ин ҳадисро дар китоби “Саҳиҳу-т-тирмизӣ” ҳасан донистааст.

«Осмон садое баровард». Яъне осмон аз сабаби зиёд будани фариштагон дар болояш овоз баровард.
Дар “Саҳиҳ”-и Бухорӣ ва “Саҳиҳ”-и Муслим дар ҳадисе аз Молик ибни Саъсаа дар достони Исро ва Меъроҷ омадааст:
«… Сипас маро ба Байту-л-маъмур бароварданд. Ман аз Ҷабраил пурсидам. Гуфт: Ин Байту-л-маъмур аст. Ҳар рӯз ҳафтод ҳазор фаришта дар он ҷо намоз мехонанд ва чун аз он берун шаванд, ҳаргиз ба он ҷо барнамегарданд».   Ривояти Бухорӣ (3207) ва Муслим (164).

Ин оиди осмонҳо аст. Аммо дар мавриди сайёраҳо ва галактикаҳои дигар, посухи мо ин аст, ки мегӯем: Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма

Ислом савол ва ҷавоб

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи Савол ва Ҷавоби Ислом

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android