Бӯса кардани мусҳаф пас аз баландӣ афтодани он чӣ ҳукм дорад?
Ҳукми бӯса кардани мусҳаф
Савол: 9320
Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Мо ягон далелеро бар машрӯияти бӯса кардани мусҳаф намедонем, аммо агар инсон онро бӯса кунад, ҳеҷ боке надорад, зеро аз саҳобаи бузург Икрима ибни Абуҷаҳл (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ки ӯ мусҳафро бӯса карда мегуфт: Ин сухани Парвардигорам аст. Ба ҳар ҳол, бӯса намудани мусҳаф ҳеҷ боке надорад, вале ин амал машрӯъ нест ва бар машрӯъ будани он ягон далеле вуҷуд надорад. Аммо агар мусҳаф аз ҷои баланд ва ё аз даст бияфтад ва инсон онро аз рӯи иззату ҳурмат бибӯсад, ҳеҷ ишколе надорад ва ҳеҷ боке надорад, иншоаллоҳ (агар Аллоҳ бихоҳад).
Сарчашма:
Китоби "Маҷмуъу фатово ва мақолотун мутанаввиъа"-и Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) ҷилди 9, саҳифаи 289.