Оё барои намози нофила мисли намози зуҳо ва намози шаб (намози таҳаҷҷуд) азону иқомат вуҷуд дорад ё на?
Барои намозҳои нофила азону иқомат вуҷуд надорад
Савол: 9360
Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
На, барои намозҳои нофила азону иқомат вуҷуд надорад. Балки агар вузӯ намоӣ, чанд қадаре ки бароят муяссар шавад, намоз мехонӣ, масалан намози зуҳо, (намозҳои нофила) баъди намози пешин, (намозҳои нофила) дар охири шаб ва ё дар кадом вақте ки бихоҳӣ, ғайр аз вақтҳои наҳй намоз мехонӣ. Ин намозҳоро бе азону иқомат мехонӣ, зеро аз расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) нақл нашудааст, ки ӯ ҳар гоҳ барои намоз бархезад, азон ё иқомат гуфта бошад. Азону иқомат танҳо барои намозҳои фариза хонда мешаванд. Аммо барои намози таровеҳ, витр ва намозҳои нофила азону иқомат вуҷуд надорад, чуноне ки донишмандон онро баён намудаанд ва ин суннати расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ва суннати хулафои рошидин аст.
Аллоҳ донотар аст.
Сарчашма:
Аз китоби Ҷаноби Шайх Абдуллоҳ ибни Ҳумайд, саҳифаи 114