Ман ҷавоне ҳастам, ки дар Кувайт зиндагонӣ мекунам, вале ман духтарамро дар Амрико табобат менамоям ва моҳи Рамазонро дар Амрико рӯза гирифтам. Оё бояд закоти фитрро дар Амрико пардохт намоям, ё хонаводаамро дар Кувайт вакил ва вазифадор кунам, ки онро аз номи ман бипардозанд? Ҳукми закоти фитрро бо маблағ пардохтан чист? Чун дар Амрико закоти фитрро бо маблағ пардохт мекунанд, на бо хӯрока.
Макони пардохти закоти фитр
Савол: 93755
Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Донишмандон (раҳмати Аллоҳ бар онон бод) зикр кардаанд, ки закоти фитр ба бадан мутааллиқ аст, на ба мол. Аз ин хотир, дар маконе ки инсон дар шаби ид ҳузур дорад, дар онҷо пардохт карда мешавад.
Ибни Қудома дар китоби "Ал-Муғнӣ" (4/134) гуфтааст:
"Аммо ӯ закоти фитрро дар кишваре, ки закоти фитр бар ӯ воҷиб шуда буд, пардохт мекунад, хоҳ молаш дар онҷо бошад, ё дар онҷо набошад". Поёни сухан.
Аммо оиди пардохтани закоти фитр бо маблағ, пештар дар ҷавоби саволи рақами (22888) баён намудем, ки бо таом пардохтани он воҷиб аст ва бо маблағ пардохтан ҷоиз нест.
Аз ин рӯ, шумо бояд барои аз таом пардохтани он кӯшиш намоед. Агар камбағал аз гирифтани таом худдорӣ кунад ва маблағ биталабад, дар ин ҳолат, бо маблағ пардохтани он аз рӯи ҳоҷат ё зарурат ҳеҷ боке надорад.
Аллоҳ донотар аст.
Сарчашма:
Ислом савол ва ҷавоб