Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Гузоштани номи Қосим, Муҳаммад ва кунияи Абулқосим ё Абуисо ва дигар номҳову кунияҳои мубоҳ баъди вафоти паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҷоиз ва дар он ҳеҷ боке нест. Манъе, ки дар мавриди ҷамъ намудани ному кунияи паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) омадааст, ин дар ҳаёти паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мебошад. Сабаби ворид шудани наҳй, бар маҳдудияти он ба ҳаёти паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) далолат мекунад. Аз ин рӯ мебинӣ, ки донишмандон дар замони қадим ва дар айни ҳол ба худ номи Муҳаммад ва кунияи Абулқосим ниҳодаанд ва касе ин амалашонро инкор накардааст.
Ҷавоби шайх Абдулкарим Ал-Хузайр ба охир расид.
Шайх Бакр Абузайд дар китоби “Мӯъҷаму-л-маноҳи-л-лафзия”-и худ фармудааст:
Аз Ҷобир (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки гуфт: Марде аз мо соҳиби фарзанде (писаре) шуд ва ӯро Қосим ном гузошт. Ба ӯ гуфтем: Кунияи туро Абулқосим намегузорем ва бо ин туро шод намегардонем. Инро ба паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) хабар дод. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: “Номи писаратро Абдурраҳмон гузор”. Бухорӣ ин ҳадисро дар “Саҳиҳ”-и худ ривоят кардааст.