Издивоҷ бо нияти талоқ чӣ ҳукм дорад? Масалан, мард муддати муайяне мусофир бошад ва издивоҷ намояд, вале ният дошта бошад, ки ҳангоми ба ватан баргаштан талоқ медиҳад.
Издивоҷ бо нияти талоқ ҳаром мебошад.
Савол: 111841
Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Баъзе аз донишмандон издивоҷ бо нияти талоқро издивоҷи ботил донистаанд, зеро он муваққатӣ буда, ба никоҳи мутъа шабоҳат дорад.
Аз ҷумла донишмандони кумитаи доимӣ оид ба фатводиҳӣ низ чунин назар доранд. Фатвои онҳоро дар ҷавоби саволи рақами (91962) оварда будем.
Аммо баъзе аз донишмандон онро никоҳи дуруст донистаанд, вале аз он сабаб ҳаром мешавад, ки дорои фиребу қаллобӣ аст, зеро агар зан ва валии ӯ бидонанд, ки мард бо нияти пас аз чанд рӯз ё моҳ талоқ додан издивоҷ мекунад, ҳаргиз ба ин издивоҷ розӣ намешуданд.
Аз ҷумлаи донишмандоне, ки ин издивоҷро дуруст медонанд, Шайх Ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) мебошад. Аз ӯ пурсиданд:
Шахсе мехоҳад, ки ба кишвари хориҷа биравад, зеро ӯ барои таҳсил фиристода мешавад ва мехоҳад, ки иффати худро муҳофизат кунад ва аз он ҷо ба муддати муайян издивоҷ менамояд, сипас ин занро талоқ медиҳад, вале инро аз зан пинҳон медорад. Ин амал чӣ ҳукм дорад?
Чунин ҷавоб дод:
“Издивоҷ бо нияти талоқ аз ду ҳолат холӣ нест:
(1) Дар ҳангоми ақди никоҳ шарт мегузорад, ки ӯ он занро ба муддати як моҳ, як сол ва ё то охири таҳсил издивоҷ мекунад. Дар ин ҳолат, ин никоҳ никоҳи мутъа маҳсуб мешавад ва бешубҳа ҳаром аст.
(2) Мард инро ният мекунад, вале шарт намегузорад. Чунин амал мувофиқи дидгоҳи машҳури мазҳаби ҳанбалӣ ҳаром буда, он никоҳ фосид аст, чунки онҳо мегӯянд, ки чизи ниятшуда ба монанди чизи шартшуда мебошад, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Ҳаройина амалҳо ба ниятҳо вобастагӣ доранд ва ҳар шахс мутобиқи нияташ савоб ба даст меоварад». Ҳамчунин марде ҳамсарашро се талоқ карда бошад ва шахси дигаре бо он зан ба хотири ҳалол сохтани ӯ ба шавҳари пешинааш издивоҷ намояд ва пас аз муддате ӯро талоқ диҳад, чунин никоҳ фосид аст, агарчи шарт ҳам нагузошта бошад, зеро чизи ниятшуда ба монанди чизи шартшуда мебошад. Модоме ки нияти ҳалола никоҳро фосид мегардонад, инчунин нияти мутъа низ никоҳро фосид мегардонад. Ин дидгоҳи мазҳаби ҳанбалӣ аст. Дидгоҳи дуввуми донишмандон оид ба ин масъала чунин аст: Барои мард дуруст аст, ки бо зане издивоҷ намояд ва ният кунад, ки ҳангоми ба ватан баргаштан ӯро талоқ намояд, ба монанди ғарибон, ки ба кишварҳои дигар барои таҳсил ва ё барои дигар ғараз мераванд. Он донишмандон гуфтаанд: Дар ин никоҳ шарт гузошта нашудааст. Фарқ байни никоҳи мутъа ва ин никоҳ дар он аст, ки дар никоҳи мутъа пас аз ба охир расидани мӯҳлат талоқ воқеъ мешавад, шавҳар онро хоҳад ҳам ва ё нахоҳад ҳам талоқ воқеъ мешавад, бар хилофи ин никоҳ, ки шавҳар метавонад занро дӯст дорад ва бо ӯ боқӣ бимонад (ва ӯро талоқ надиҳад). Ин яке аз ду қавлҳои Шайхулислом Ибни Таймия мебошад.
Ба назари ман чунин никоҳ саҳеҳ буда, никоҳи мутъа ба шумор намеравад, зеро шартҳои никоҳи мутъа бар он мутобақат намекунад. Вале аз сабаби ҷой доштани фиребу қаллобӣ нисбат ба зан ва хонаводааш ҳаром мебошад. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фиребу қаллобиро ҳаром гардонидааст. Агар зан ва валии ӯ бидонанд, ки ин мард мехоҳад, ки ба муддати муайяне издивоҷ бикунад, ҳеҷ гоҳ розӣ намешуданд. Ҳамчунин худи ӯ ҳеҷ гоҳ розӣ намешавад, ки шахсе бо духтараш издивоҷ намояду пас аз баровардани ҳоҷаташ ӯро талоқ бидиҳад. Пас чӣ гуна амалеро, ки ба худ дӯст намедорад, ба дигарон дӯст медорад? Ин хилофи имон аст, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Имони яке аз шумо комил намегардад, то он даме ки он чизеро, ки барои худ дӯст медорад, барои дигарон низ дӯст бидорад».
“Фатово-л-маръати-л-муслима” (2/757-758).
Дар қарорҳои Академияи фиқҳи исломӣ омадааст:
“Издивоҷ бо нияти талоқ никоҳест, ки тамоми рукнҳову шартҳои никоҳ дар он вуҷуд дорад, вале шавҳар нияти пинҳоние дорад, ки пас аз гузаштани муддати муайян, ба монанди даҳ рӯз ва ё муддати номуайян, мисли пас аз итмоми таҳсил ё расидан ба ҳадафе, ки барои он ба он кишвар омадааст, талоқ бидиҳад.
Бо вуҷуди он, ки гурӯҳе аз донишмандон ин намуд никоҳро ҷоиз медонанд, аммо Академияи фиқҳи исломӣ ин никоҳро мамнӯъ медонад, зеро он дорои фиребу дурӯғ мебошад. Агар зан ва валии ӯ нияти мардро бидонанд, ҳаргиз чунин издивоҷро қабул намекарданд.
Ҳамчунин ин издивоҷ ба мафсадаҳо ва зарарҳои бузург бурда мерасонад, ки мусулмононро бадном менамояд.
Аллоҳ соҳиби тавфиқ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод". Поёни сухан.
Ба ҳар сурат, издивоҷ бо нияти талоқ ҳаром аст, зеро он дар асл мисли никоҳи мутъа аст ва ё аз сабаби фиребу қаллобӣ ҳаром мебошад.
Аллоҳ донотар аст.
Сарчашма:
Ислом савол ва ҷавоб