Агар мусулмон намоз бихонад, амалҳои солеҳи зиёдеро анҷом бидиҳад ва дили пок дошта бошад, вале падару модари худро эҳтиром накунад ва ё ба онҳо эҳтимом наварзад. Оё ин хато аст? Ва оё ингуна шахс барои ин кор муҷозот карда мешавад?
Дили пок дорад, вале падару модарашро эҳтиром намекунад
Савол: 11495
Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Бале, ин хато ҳисобида мешавад ва иҷрокунандаи он муҷозот карда мешавад, зеро Аллоҳ таъоло мефармояд:
فَلَا تَقُل لَّهُمَا أُفٍّ وَلَا تَنْهَرْهُمَا وَقُل لَّهُمَا قَوْلًا كَرِيمًا ❁ وَاخْفِضْ لَهُمَا جَنَاحَ الذُّلِّ مِنَ الرَّحْمَةِ
سورة الإسراء: ٢٣ – ٢٤
«Пас ба онон (ҳатто калимаи) уф магӯ ва бар онҳо овоз баланд макун ва бо эҳтиром ба онон сухан бигӯ. Ва аз рӯи меҳрубонӣ дар баробарашон фурӯтан бош». (Сураи Исро: 23-24).
Шайх Саъд Ал-Ҳумайд
Ҳар гуна азият додани падару модар бо гуфтор ё кирдор нофармонӣ аст, ки фарзанд барои ин кораш гунаҳкор мешавад, зеро ин хилофи амру наҳйи Аллоҳ аст, ки Ӯ ба мо дастур додааст, ки бо онон хушгуфтору хушрафтор бошем. Аллоҳ таъоло мефармояд:
وَقُل لَّهُمَا قَوْلًا كَرِيمًا ❁ وَاخْفِضْ لَهُمَا جَنَاحَ الذُّلِّ مِنَ الرَّحْمَةِ
سورة الإسراء: ٢٣ – ٢٤
«Ва бо эҳтиром ба онон сухан бигӯ. Ва аз рӯи меҳрубонӣ дар баробарашон фурӯтан бош». (Сураи Исро: 23-24).
Ва аз нофармонӣ намудани падару модар бо гуфтору кирдори бад манъ кард.
فَلَا تَقُل لَّهُمَا أُفٍّ وَلَا تَنْهَرْهُمَا
سورة الإسراء: ٢٣
«Пас ба онон (ҳатто калимаи) уф магӯ ва бар онҳо овоз баланд макун». (Сураи Исро: 23).
Агар аз фарзанд чунин амал рух диҳад, пас бояд ба сӯи Аллоҳ таъоло тавба кунад ва аз падару модараш бахшиш бипурсад, то аз азоб наҷот ёбад.
Сарчашма:
Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид