0 / 0

Ҳукми тарошидани риши марди дигар

Савол: 1190

 

Ман мусулмони амалкунанда ва ришдор мебошам. Ман сартарошхонаи мардона дорам. Ин касби ман аст, ки бо ин касб ман риши муштариёнро метарошам ва барои ҳамвор кардани мӯи муштариён аз мӯйхушккунак (фен) истифода мекунам. Ҳукми дин дар ин бора чист?
Матни ҷавоб

Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аввал:

Бар асоси далелҳои саҳеҳ оиди ҳаром будани риштарошӣ, бар мусулмон ҳаром аст, ки ришашро тарошад. Ва ҳамчунин бар дигарон ҳаром аст, ки риши ӯро битарошанд, зеро ин амал аз боби ҳамкорӣ дар гуноҳу таҷовуз аст. Аллоҳ таъоло дар ояти зерин аз ин кор наҳй кардааст:

وَلا تَعَاوَنُوا عَلَى الأِثْمِ وَالْعُدْوَانِ 

(سورة المائدة: ٢)

«Ва ҳамдигарро дар гуноҳу таҷовуз кӯмак накунед».   (Сураи Моида: 2).

Дуввум:

Барои шумо ҷоиз аст, ки мӯи мардонро шонаву ҳамвор бикунед ва бар он равғану хушбӯӣ бимолед, вале барои шумо ҷоиз нест, ки ин корҳоро бар занон бикунед, (яъне барои шумо ҷоиз нест, ки мӯи занонро шонаву ҳамвор бикунед ва бар он равғану хушбӯӣ бимолед), ба ҷуз ба маҳрамони худ.

Сарчашма

Фатово-л-лаҷнати-д-доима: 5/145

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи Савол ва Ҷавоби Ислом

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android