0 / 0

Калимаи Сайид фалонӣ

Савол: 12625

Дар минтақаи мо, ҳангоми хитоб калимаи (Сайид фалонӣ)-ро барои шахсоне, ки насаби онҳо ба оилаи муайяне пайваст аст, зиёд истифода мебаранд. Оё ин дуруст мебошад?

Матни ҷавоб

Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Агар шахсе бо ин унвон шинохта шавад, ҳеҷ боке надорад, зеро калимаи “Сайид” барои роҳбари қавм, фақеҳ, донишманд, ё барои насли Фотима, ки аз фарзандони Ҳасан ва Ҳусайн мебошанд, истифода бурда мешавад. Ҳамаи инҳо дар байни мардум машҳуранд. Арабҳо раисони қабилаҳо ва бузургонро (Сайид) меномиданд. Мисли (Сайиди банӣ фалон, яъне роҳбари ин қабила). Чуноне, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳангоме, ки аз баъзе аз арабҳо пурсид, гуфт: “Эй фарзандони фалонӣ, сайиди шумо кист? Эй фарзандони фалонӣ, сайиди шумо кист?” Яъне раиси шумо кист?

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар ҳаққи Ҳасан фармуд: “Ин фарзандам, сайид аст. Шояд Аллоҳ бо воситаи ӯ байни ду гурӯҳи бузурги мусулмонон сулҳу оштӣ бар қарор намояд”.

Макруҳ аст, ки инсоне бо ибораҳои (Ё сайидӣ, яъне эй сайидам), (Ё сайидано, яъне эй сайидамон) хитоб карда шавад, зеро ҳангоме ки ба паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) гуфта шуд, ки ту сайиди мо. Фармуд: “Сайид Аллоҳ таъоло аст”. Зеро ин метавонад ӯро ба мағрурӣ ва такаббурӣ бибарад. Аз ин рӯ, бояд онро тарк кард. Бо номҳо ва кунияҳо ва лақабҳое, ки бо он шинохта мешавад, мисли эй фалонӣ, ё эй падари фалонӣ хитоб карда шавад.

Дар мавриди истифодаи ибораҳои (Ё сайидӣ, яъне эй сайидам), (Ё сайидано, яъне эй сайидамон) ҳангоми хитоб ба якдигар, тарк кардани ин беҳтар аст. Поёни сухан.

Аммо мунофиқ ё кофирро “Сайид” гуфтан ҷоиз нест, зеро дар ҳадис омадааст: “Барои мунофиқ сайидамон магӯед, зеро агар сайиди шумо бошад, пас яқинан Парвардигоратонро ба ғазаб овардаед”.   Ривояти Аҳмад ва Абудовуд ва Насоӣ. Албонӣ ин ҳадисро дар Саҳиҳу-л-Ҷомиъ рақами ҳадис (7405),  (саҳ: 1234)  саҳеҳ гуфтааст.

   Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма

Китоби "Маҷмӯу фатово ва мақолоту мутанаввиа"-и шайх, аллома Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод). Ҷ/9 Саҳ/290.

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи Савол ва Ҷавоби Ислом

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android