0 / 0
2,34830/08/2021

Баъзе аз сифатони ҳамсари cолеҳа дар ҳадисҳои набавӣ

Савол: 127782

Беҳтарин занон:

Аъробие оиди беҳтарин занон пурсида шуд. Дар ҷавоб гуфт: Беҳтарини занон занест, ки ҳар гоҳ сухан кунад, рост гӯяд, ҳар гоҳ ғазаб намояд, нармӣ кунад, ҳар гоҳ бихандад, табассум намояд, ҳар гоҳ амалеро иҷро кунад, бо беҳтарин ваҷҳ анҷом бидиҳад, оне ки хонаи худро лозим бигирад, шавҳарашро нофармонӣ накунад, дар қавми худ азиз, вале худ хоксор бошад, дилёб бошаду тавалудкунанда (серфарзанд) ва тамоми корҳояш сазовори таҳсин бошад.

Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Оё ба шумо занҳои биҳиштиатонро хабар надиҳам? Зани вадуд (дилёб), валуд (тавалудкунандаю серфарзанд), рашкбаранда бар шавҳар, ҳар гоҳ (шавҳарро) азият бидиҳад, ё (аз ҷониби шавҳар) азият шавад, ба назди шавҳараш омада, дасташро гирифта мегӯяд: "Қасам ба Аллоҳ, то аз ман розӣ нашавед, чашм барҳам нахоҳам ниҳод". Ӯ биҳиштӣ аст. Ӯ биҳиштӣ аст. Ӯ биҳиштӣ аст». Маънои ҷумлаи охир: «Чашм барҳам нахоҳам ниҳод». Яъне хоб нахоҳам кард ва осудахотир нахоҳам шуд.

Бадтарин занон:

Ба аъробие гуфта шуд: Бароямон бадтарин занонро васф намо. Гуфт: Бадтарини занҳо зани беморнок (дардманд), забонаш мисли ханҷар аст, беҳуда гиря мекунад, бидуни ҳеҷ чизи тааҷҷубовар механдад, суханаш таҳдидомез, овозаш баланд аст, некиҳоро зери хок менамояд, бадиҳоро фош мекунад, замонаро бар зидди шавҳараш кӯмак менамояд, шавҳарашро бар зидди замона кӯмак намекунад, агар шавҳараш ба хона дарояд, ӯ мебарояд, агар шавҳараш аз хона барояд, ӯ ба хона медарояд, агар шавҳараш гиря кунад, ӯ механдад, агар шавҳараш бихандад, ӯ гиря мекунад, гиряву нола менамояд, дар ҳоле ки ӯ худ ситамгару золим аст, шаҳодату гувоҳӣ медиҳад, дар ҳоле ки (дар вақти ҳодиса) вуҷуд надошт, забонаш олудаи дурӯғ ва ашки чашмонаш ба хотири зиштиҳо қатра-қатра резон аст. Аллоҳ ӯро ба доду фарёд, ҳалокату бадбахтӣ ва умури бузург мубтало кардааст. Ин аст бадтарини занон. Оиди ин мавзӯъ чӣ назар доред?

Матни ҷавоб

Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ҳадиси дар ин ҷо воридшуда ҳадиси саҳеҳ мебошад, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

«Оё ба шумо мардҳои биҳиштиатонро хабар надиҳам?

Паёмбар дар биҳишт аст, сиддиқ дар биҳишт аст, шаҳид дар биҳишт аст, навзод дар биҳишт аст ва марде, ки бародарашро дар гӯшаи шаҳр танҳо ба хотири Аллоҳ зиёрат мекунад, дар биҳишт аст.

Оё ба шумо занҳои биҳиштиатонро хабар надиҳам?

Зани вадуд (дилёб), валуд (тавалудкунандаю серфарзанд), ҳар гоҳ (бар шавҳар) ғазаб намояд ё (аз ҷониби шавҳар) ба ӯ бадӣ карда шавад ё шавҳар (бар ӯ) ғазаб намояд, мегӯяд: Дастам дар дасти шумост, то аз ман розӣ нашавед, чашм барҳам нахоҳам ниҳод».

Ин ҳадис аз Анас, Ибни Аббос ва Каъб ибни Уҷра (Аллоҳ аз онҳо хушнуд бод) ривоят карда шудааст.

Насоӣ дар "Ал-Кубро" (5/361), Табаронӣ дар "Ал-Кабир" (19/14) ва дар "Ал-Авсат" (6/301), (2/242) ва Абунаим дар "Ал-Ҳиля" (4/303) ин ҳадисро ривоят кардаанд. Шайх Албонӣ гуфтааст: Санади ровиёни ҳадис боэътимод, ровиёни Муслим мебошанд, танҳо Халаф дар охир ихтилот кардааст, вале ҳадис шавоҳиди дигаре ҳам дорад, ки ин ҳадисро тақвият мебахшад. "Ассилсилату-с-саҳиҳа" (287, 3380).

Мановӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

«Ал-Вадуд»  الوَدود : Яъне, зане ки худро ба шавҳари худ маҳбуб мегардонад. «Ҳар гоҳ зулм карда шавад». Яъне, шавҳараш ӯро зулм кунад, масалан дар нафақа кӯтоҳӣ намояд ва ё дар тақсимот ва ё дар дигар ҳуқуқ зулм кунад, бо меҳрубонӣ ба ӯ мегӯяд: «Дастам дар дасти шумост». Яъне: Вуҷуду ҳастиам дар ихтиёри шумост. «Чашм барҳам нахоҳам ниҳод». Яъне: Хоб нахоҳам рафт. Поёни сухан.

Ба ҷавоби саволи рақами (71225 ) ва (96584 ) руҷӯъ карда шавад.

Ҳамчунин метавонед ба китоби "Чиҳил насиҳат барои ислоҳи хонавода" дар қисми китобҳои сомонаамон руҷӯъ намоед.

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма

Сомонаи Ислом савол ва ҷавоб

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи Савол ва Ҷавоби Ислом

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android