Барнома кардан
0 / 0

Марҳилаҳои ҷамъ намудани Қуръон

Савол: 153908

Шунидаам, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст, ки “Ёсин” дили Қуръон аст. Чигуна дили Қуръон мешавад, дар ҳоле, ки Қуръон дар аҳди расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҷамъоварӣ нашуда буд?

Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аввал:

Ҳадиси “Ёсин дили Қуръон аст” бо чанд роҳ ривоят шуда ҳамааш ҳадисҳои заифанд, ягонтои он саҳеҳ нест, баъзеашон аз баъзеашон заифтаранд. Абубакр ибни Ал-Арабӣ аз Дорақутнӣ ривоят намудааст, ки гуфтаст: Санади ин ҳадис заиф буда, матнаш номаълум аст ва дар ин боб ҳадиси саҳеҳе нест.  

“Ат-Талхису-л-ҳабир” (2245).

Ибни Қаттон (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод)  дар китоби “Илал”-и худ гуфтааст: Ин ҳадис саҳеҳ нест.

Нававӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар китоби “Ал-Хулоса” гуфтааст: Ин ҳадисро Абудовуд ва Ибни Моҷа ривоят намудаанд ва дар (санади) он ду шахси номаълум вуҷуд дорад.

“Ал-Бадру-л-мунир” (5/194-195).

Дар ин бобат китобҳои “Ирвоу-л-ғалил” (3/150-151) ва “Силсилату-л-аҳодиси-з-заифаҳ” рақамҳои (169, 5861, 5870, 6843)-ро аз назар гузарон. Инчунин дар сомона ҷавоби саволи рақами (654) ва (75894) низ аз назар гузарон. 

Дуввум:

Аммо он печидагие, ки дар савол омадааст, сарфи назар аз саҳеҳ ё заиф будани ин ҳадис, дар бобати он гуфтанием, ки мақсад аз ҷамъ намудани Қуръон, ҳифз намудани он дар синаҳост, чуноне, ки Аллоҳ таъоло мефармояд:

 إِنَّ عَلَيْنَا جَمْعَهُ وَقُرْآنَهُ

   القيامة/ 17

“Ҳароина ҷамъ кардан ва хондани он бар ӯҳдаи Мост”.   (Сураи Қиёмат: 17).

Ибни Аббос (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) дар тафсири ин ояи карима гуфтааст: “Онро барои ту дар синаат ҷамъ намуд”.   Ривояти Бухорӣ (5) ва Муслим (448). 

Бухорӣ (3810) ва Муслим (2465) аз Анас (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардаанд, ки гуфт: “Дар аҳди расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) чаҳор нафар, ки ҳамаашон аз Ансор буданд, монанди Муоз ибни Ҷабал, Убай ибни Каъб, Зайд ибни Собит ва Абузайд, Қуръонро ҷамъоварӣ намудаанд”.

Пас расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) Қуръонро ҳифз намуд ва саҳобагон низ онро ҳифз намудаанд ва баъди онҳо мӯъминон низ онро ҳифз кардаанд. Ин амал баъди вафоти паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) таваққуф накард. Балки ҳифз ва ҷамъоварӣ намудани он танҳо дар ҳолате муяссар мегардад, ки агар ҳамаи он дар ҳаёти паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳифз ва ҷамъоварӣ шуда бошад.

Аз ин рӯ, инҷо мақсад аз ҷамъоварии Қуръон, ҷамъоварии он дохили як китобро дар назар дорад ва худи ин амал баъди вафоти паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) то давраи хилофати Абубакр (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ба таъхир афтодааст.

Бухорӣ (4679) ривоят кардааст, ки Зайд ибни Собити Ансорӣ (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод), ки яке аз нависандагони ваҳй буд, гуфтааст: Баъди ба қатл расидани саҳобагон дар Ямома (номи ҷангест, ки дар он қориёни зиёде шаҳид шудаанд), Абубакр нафареро ба назди ман фиристод (ва чун ба назди ӯ омадам) Умар дар назди ӯ буд. Абӯбакр гуфт: Умар ба назди ман омада гуфт, ки дар маъракаи Ямома бисёре аз мардум кушта шуданд ва ман метарсам, ки пеш аз ҷамъоварии Қуръон, дар маъракаҳои ҷангӣ қориёни зиёде кушта шаванд. Ба андешаи ман бояд Қуръонро ҷамъоварӣ кунӣ … Ҳадис  дароз аст, инҷо мухтасаран зикр хоҳем кард. Сипас Зайд гуфт: “Пас пай дар пай Қуръонро аз пӯсти ҳайвон, устухон, пӯсти хурмо ва аз синаи мардон ҷамъоварӣ менамудам. Ва он саҳифаҳое, ки дар он Қуръон ҷамъоварӣ карда шуд, то вафоти Абубакр дар назди Абубакр буд ва баъд аз он, то вафоти Умар дар назди Умар буд, сипас баъд аз он дар назди Ҳафса духтари Умар боқӣ монд”. 

Баъди он ҷамъоварии саввумбора низ сурат гирифтааст, баъд аз он дар давраи хилофати Усмон (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) мардумро бар як мусҳаф ва бар як ҳарфе (равише) аз ҳарфҳое, ки Қуръон бар он нозил шудааст, ҷамъ намуданд. Ва ин мусҳафи Усмониро ҳамчун  “мусҳафи асосӣ” мавриди эътимод қарор доданд.

Ин замоне сурат гирифт, ки мардум дар хондани Қуръон байни ҳам ихтилоф намуда кашмакашӣ намуданд, якеаш бо қироати Убай ибни Каъб мехонд ва якеи дигараш ба қироати Ибни Масъуд, дар ин ҳолат Усмон бо саҳобагон (Аллоҳ аз онон хушнуд бод) машварат намуда мардумро бар як мусҳаф ҷамъ намуд.

Ибни Абудовуд дар китоби “Масоҳиф” (1/77) аз Алӣ ибни Абутолиб (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардааст, ки гуфт: “Эй мардум! Дар ҳаққи Усмон зиёдаравӣ накунед ва дар бобати мусҳафҳо ва сӯзондани онҳо дар ҳаққи ӯ танҳо сухани нек бигӯед. Пас қасам ба Аллоҳ, ҳар он кореро, ки бо мусҳафҳо карда буд, дар ҳузури ҳамаи мо онро анҷом дода буд. Усмон он вақт мегуфт: Шумо нисбати ин қироат чӣ мегуед? Ба ман хабаре расид, ки баъзеашон мегӯяд, ҳароина қироати ман аз қироати ту беҳтар аст ва ин сухан ба куфр наздик мебошад. Мо гуфтем, ки ту чӣ фикр дорӣ? Усмон  гуфт: Ба фикри ман бояд мардумро ба як мусҳаф ҷамъ намоем, то ки тафриқа ва ихтилоф нашавад. Мо гуфтем, ки бисёр фикри хубе кардаӣ. Сипас Усмон гуфт: Аз дохили шумо суханвартарин ва қуръонхонтарини мардум кист? Гуфтанд: Суханвартарини мардум Саид ибни Ос аст ва хонандатарини онҳо Зайд ибни Собит аст. Пас гуфт: Яктои онҳо бинависад ва яктои дигар имло кунад, пас ин корро анҷом дода мардумро ба як мусҳаф ҷамъ намуд”. Алӣ гуфт: Агар ман сарвар ихтиёр мешудам, он кореро, ки ӯ анҷом дод, ман ҳам онро анҷом медодам.   Ҳофиз Ибни Ҳаҷар дар китоби “Ал-Фатҳ” (9/18) инро саҳеҳ шуморидааст.

Аз ин лиҳоз, ҷамъоварие, ки дар аҳди Абубакри Сиддиқ ва аҳди Усмон (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) сурат гирифтааст, ҷамъ намудани Қуръон дар як китоб буда, онро мусҳаф меноманд. Аммо он ҷамъоварие, ки дар аҳди расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) сурат гирифтааст, ҳифз намудани Қуръон дар синаи мӯъминон мебошад. Чуноне, ки Аллоҳ таъоло мефармояд:

 بَلْ هُوَ آيَاتٌ بَيِّنَاتٌ فِي صُدُورِ الَّذِينَ أُوتُوا الْعِلْمَ

   العنكبوت/ 49

“Балки Қуръон оётест равшан, ки дар синаи аҳли дониш ҷой дорад”.   (Сураи Анкабут: 49).

Ибни Касир (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

“Ин Қуръон дар далолат намудан бар ҳақ, амр ва наҳй намудан ва хабар додан, оётест равшану возеҳ аст, ки донишмандон онро ҳифз мекунанд.  Аллоҳ ҳифзу тиловат ва тафсири онро барои онон осон гардонидаст”. Поёни сухан.

“Тафсири Ибни Касир” (6/286).

Агар фарз кунем, ки ин ҳадис саҳеҳ бошад, маънояш чунин хоҳад буд: Сураи Ёсин дили Қуръонест, ки он каломи Аллоҳ таъоло буда, дар дили донишмандон ҳифз гашта, сипас дар саҳифаҳо ҷамъоварӣ шудааст.

Пас он ҷамъоварие, ки аз аҳди расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба таъхир афтодааст, Қуръонро аз саҳифаҳову пӯстҳо ба як мусҳаф, чигунае, ки имрӯз дар дасти мост, ҷамъ намудааст. Ин маънои онро надорад, ки чизе аз он гум шуда, ҳифз нашуда бошад ё дар дилҳо ҷамъоварӣ нашуда бошад ва ё баъди вафоти паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба итмом расонида шуда бошад, пас ингуна эҳтимолот имкон надоранд. Балки он Қуръоне, ки дар мусҳаф ҷамъоварӣ намудаанд, худи ҳамон Қуръонест, ки дар синаи саҳобагону аҳли илм ҳифз шуда, аз он ягон каму зиёдатие мушоҳида нашудааст.

Муслим (810) аз Убай ибни Каъб (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардааст, ки гуфт: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: Эй Абумунзир, оё медонӣ, ки кадом оят, дар Қуръони наздат буда, бузургтар аст? Абӯмунзир гуфт: Гуфтам: Аллоҳ ва расулаш донотаранд. Гуфт: Эй Абумунзир, оё медонӣ, ки кадом оят, дар Қуръони наздат буда, бузургтар аст? Абумунзир гуфт: Гуфтам: “Аллоҳу ла илаҳа ила ҳувал ҳайюл қайюм” (Аллоҳ худоест, ки ҳеҷ маъбуде барҳақ ҷуз ӯ нест. Зиндаву тадбиркунандаи ҳама чиз аст). Абумунзир гуфт: Пас бар банди синаам зада гуфт: “Илм барои ту гуворо бод Абумунзир”.

Мақсад аз сухани паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар ин ҳадис, ки мегӯяд:  “кадом оят, дар Қуръони наздат буда” ин аст, ки Қуръони дар синаи ӯ ҷамъовариву ҳифз шуда, мебошад.

Саввум:

Мақсад аз ҳадиси дар боло зикр шуда, агар фарз кунем он ҳадис саҳеҳ бошад, маънояш ин нест, ки “Ёсин дили Қуръон”, яъне аз нигоҳи миқдор дар миёнаи Қуръон ҷой гирифтааст. На, ин хел нест, мақсад аз ин, он аст, ки Ёсин аз сураҳое мебошад, ки хулосаи мақсадҳои Қуръони Карим ва мағзи маъноҳои он дар он ҷамъ шудаанд, аз ин рӯ, он барои Қуръон ба манзалаи дил барои ҷасад аст.

Муборакфурӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

Сухани паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод), ки “Дили Қуръон Ёсин аст”, маънои онро дорад, ки Ёсин мағз ва хулосаи сураҳои Қуръон аст. Ғаззолӣ гуфтааст: Дурустии имон дар эътироф намудани “Ҳашр” (ҷамъ намудани мардум рӯзи Қиёмат барои ҳисобу китоб) ва “Нашр” (зинда гардонидан баъд аз марг) аст. Ва ин ду мавзӯъ дар сураи Ёсин бо суханвартарин сурат дарҷ гардидааст, пас ба ҳамин хотир Ёсин дили Қуръон мебошад ва Фахруррозӣ низ инро некӯ шуморидааст.

Тийбӣ гуфтааст: (Сураи Ёсин) бо вуҷуди кӯтоҳ буданаш, далелҳои дурахшон, оятҳои қотеъона, улуми пинҳоншуда, маъноҳои дақиқ, ваъдаҳои беҳтарин ва сарзанишҳои суханваронаро дар бар мегирад. Поёни сухан аз китоби “Туҳфату-л-аҳвазӣ” (8159).

   Аллоҳ таъоло донотар аст.

Сарчашма

Сомонаи Ислом савол ва ҷавоб

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи Савол ва Ҷавоби Ислом

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android
at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи Савол ва Ҷавоби Ислом

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android