0 / 0

Дуо кардан дар назди қабр баъд аз дафн суннат аст

Савол: 157114

Ҳукми баъд аз дафн дар назди қабр истода, дуо кардан чист?

Матни ҷавоб

Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Дуо кардан дар ҳаққи маййит пас аз дафн суннат аст. Чуноне ки дар ҳадиси Усмон ибни Аффон (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) омадааст, ки ӯ гуфт: Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) чун аз дафни маййит фориғ мешуд, дар назди қабри ӯ истода мегуфт: "Барои бародаратон истиғфор кунед ва барои ӯ устувориро талабед, зеро ӯ ҳоло пурсида мешавад".   Ривояти Абудовуд (3221) ва Шайх Албонӣ онро дар китоби "Саҳиҳу Абидовуд" саҳеҳ шуморидааст.

Шавконӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) мегӯяд: "Дар ҳадис, машрӯъияти истиғфор ва талабидани устуворӣ барои маййит, пас аз дафн баён шудааст, зеро ӯ дар он ҳолот пурсида мешавад". Поёни сухан аз китоби "Найлу-л-автор" (4/110).

Ибни Мунзир (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) мегӯяд:

Ҷумҳури олимон гуфтаанд, ки дуо кардан дар назди қабр пас аз дафни маййит машрӯъ аст. Оҷуррӣ ва дигарон гуфтаанд: Пас аз дафн каме истодан ва дар ҳаққи маййит дуо кардан мустаҳаб аст. Тирмизӣ мегӯяд: Дуо дар ҳаққи маййит ҳангоми дафн, барои маййит мададест пас аз намози ҷаноза, зеро намози ҷаноза ба монанди аскаронеанд, ки назди дари подшоҳ ҷамъ шуда, барояш шафоат мекунанд. Дар назди қабр истода ва устуворӣ талабидан, барои аскарон мадад аст. Он лаҳзаи вазнинест барои маййит, зеро бар даҳшат ва саволи Мункару Накир дучор шудааст. Поёни сухан аз китоби "Ҳошияту-р-равз"-и Ибни Қосим (3/124).

Дар "Ал-Мавсуъату-л-фиқҳийя" (4/14) омадааст: "Истиғфор ибодати қавлӣ аст. Барои маййит анҷом додани он ҷоиз аст. Пас аз дафн, мустаҳаб аст, ки гурӯҳе аз мардум истода, барои маййит ифтиғфор намоянд. Зеро ӯ, дар он лаҳза дар пурсиши Мункару Накир қарор дорад. Ҷумҳури фақеҳон онро равшан баён кардаанд". Поёни сухан.

Шайх Ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) мегӯяд: "Пас аз дафн, барои маййит устуворӣ ва мағфират талабидан суннат аст". Поёни сухан аз "Маҷмуъу-л-фатово" (13/205).

Шайх Ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) мегӯяд: "Пас аз дафн, дар назди қабр истодан ва дар ҳаққи маййит дуо кардан суннат аст, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) чун аз дафни маййит фориғ мешуд, дар назди қабри ӯ истода мегуфт: "Барои бародаратон истиғфор кунед ва барои ӯ устувориро талабед, зеро ӯ ҳоло пурсида мешавад". Поёни сухан аз "Лиқоу-л-боби-л-мафтуҳ" (рақами 118).

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма

Ислом савол ва ҷавоб

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи Савол ва Ҷавоби Ислом

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android