0 / 0

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) оиди рӯзадории яҳудиён дар Ошуро кай огоҳ шуд?

Савол: 161716

Оё расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) оиди рӯзадории яҳудиён дар Ошуро танҳо дар соли охирини худ огоҳ шуд? Зеро ӯ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Агар то соли оянда боқӣ бимонам, ҳатман дар рӯзи нӯҳум рӯза мегирам».   Ривояти Муслим.

Матни ҷавоб

Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар аввалин соле, ки ба Мадина омад, Ошуроро рӯза гирифт ва ин корро идома дод. Сипас ӯ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар охирин соли ҳаёти худ хост, ки бо ҳамроҳии рӯзаи рӯзи даҳум дар рӯзи нӯҳум ҳам рӯза гирифта, бо яҳудиён мухолифат варзад. Ҳадисҳое, ки дар мавриди рӯзаи Ошуро ворид шудаанд, ба ин чиз далолат мекунанд.

Аз Ибни Аббос (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) ривоят шудааст, ки гуфт: "Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба Мадина омад ва дид, ки яҳудиён дар рӯзи Ошуро рӯза мегиранд, пас фармуд: Ин чист? Гуфтанд: Ин рӯзи нек аст. Дар ин рӯз Аллоҳ Банӣ Исроилро аз душманашон наҷот дод, пас Мӯсо онро рӯза гирифт. Паёмбар фармуд: Ман аз шумо ба Мӯсо сазовортар мебошам. Пас онро рӯза гирифт ва ба рӯза гирифтани он рӯз амр кард".   Ривояти Бухорӣ (2004).

Ҳамчунин аз Ибни Аббос (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) ривоят шудааст, ки ӯ мегӯяд: Ҳангоме, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар рӯзи Ошуро рӯза гирифт ва ба рӯза гирифтани он амр намуд, саҳобагон гуфтанд: Эй расулуллоҳ, ин рӯзест, ки яҳудиён ва насрониён онро бузург медонанд. Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Агар соли оянда биёяд, агар Аллоҳ бихоҳад, дар рӯзи нӯҳум низ рӯза мегирем. Ибни Аббос гуфт: Соли оянда наомад, магар ин ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) вафот кард.   Ривояти Муслим (1134).

Ибни Қайим (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

"Ин далолат мекунад, ки воқеаи рӯзаи паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ва ба рӯза гирифтани он амр намудани ӯ (яъне ҳадиси дуввум) як сол пеш аз вафоташ рух додааст. Аммо ҳадиси собиқ ҳангоми ба Мадина омадани паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба вуқӯъ пайвастааст". Поёни сухан аз китоби "Зоду-л-маод" (2/67).

Ҳамчунин оиди ҳадиси дуввуми Ибни Аббос (2/81) гуфтааст:

"Ҳеҷ шакке нест, ки ин дар охирҳои ҳаёти паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) буд. Аммо дар ибтидо, ӯ дӯст медошт, ки бо аҳли китоб мувофақат кунад, модоме ки дар он масъала аз ҷониби Аллоҳ дастуре набошад". Поёни сухан.

Шайху-л-ислом Ибни Таймия (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст: "Сипас ҳангоме ки камтар пеш аз маргаш ба ӯ гуфта шуд: Ин рӯзест, ки яҳудиён ва насрониён онро бузург медонанд, ӯ дастур дод, ки боз як рӯзи дигар рӯза гирифта, бо онон мухолифат варзанд ва ӯ бар анҷом додани ин чиз тасмим гирифт..". Поёни сухан аз китоби "Иқтизоу-с-сироти-л-мустақим" (1/87).

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма

Ислом савол ва ҷавоб

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи Савол ва Ҷавоби Ислом

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android