0 / 0

Роҳи ҳалли қазияи Фаластин

Савол: 21977

Сарнавишти қазияи Фаластин, ки бо гузашти рӯзҳо печидатар ва сахттар мешавад, чӣ хоҳад шуд ва роҳи ҳалли он чӣ гуна аст?

Матни ҷавоб

Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Воқеан мусулмон аз бад шудани қазияи Фаластин аз вазъи ногувор ба вазъи боз ҳам ногувортар зиёд ранҷ мекашад ва афсӯс мехӯрад. Бо гузашти рӯзҳо моҷарои Фаластин печидатар мешавад ва ҳатто ин ки дар ин рӯзҳои охир ба сабаби ихтилофи кишварҳои ҳамсоя ва дар як саф наистодани онҳо бар зидди душман ва пойбанд набудани онҳо ба ҳукми Ислом, ки Аллоҳ таъоло пирӯзиро ба он вогузор карда ва ба пайравони он ваъда додааст, ки онҳо дар рӯи замин ҷонишин ва қудратманд мешаванд, вазъият ба ҷое расидааст, ки онро (дар ин рӯзҳо) мушоҳида мекунем.

Агар кишварҳои ҳамсоя ба муттаҳид кардани сафҳои худ шитоб накунанд ва дар ин қазия, ки ба онҳо ва тамоми ҷаҳони Ислом дахл дорад, ба ҳукми Ислом пойбанд нашаванд, ин чиз хатари бузург ва оқибати ногувореро дар пай хоҳад дошт.

Дар ин замина шоёни зикр аст, ки қазияи Фаластин тамоман қазияи исломӣ аст, вале душманони Ислом тамоми талоши худро ба харҷ додаанд, то онро аз хатти исломӣ дур кунанд ва ба мусулмонони ғайриараб бифаҳмонанд, ки ин қазия қазияест арабӣ ва ба ғайриарабҳо дахле надорад. Ва ба назар мерасад, ки онҳо дар ин кор то андозае муваффақ ҳам шудаанд.

Аз ин рӯ, ман фикр мекунам, ки танҳо роҳи ҳалли ин қазия ин аст, ки ба ин мавзӯъ монанди қазияи исломӣ нигоҳ ва бархӯрд шавад ва мусулмонон барои наҷоти он дӯшодӯш ҳаракат намоянд ва бар зидди яҳудиён ҷиҳоди исломӣ кунанд, то ин ки сарзамин ба сокинони аслиаш бозгардад ва яҳудиёни хориҷӣ ва бегона ба кишварҳое, ки аз онҷо омадаанд, баргарданд ва яҳудиёне, ки дар онҷо зиндагӣ мекарданд, таҳти ҳукми Ислом боқӣ бимонанд, на дар зери ҳукми комунистӣ ё дунявӣ. Ба ин васила ҳақ пирӯз мешавад ва ботил хору залил ва мардуми рӯи замин ба сарзамини худ ба ҳукми Ислом бармегарданд (ва зери ҳукумати исломӣ зиндагӣ мекунанд), на таҳти фармони ҳукуматҳои дигар. Аллоҳ тавфиқдиҳанда аст.

Сарчашма

"Маҷмуъу фатово"-и Шайх Ибни Боз, ҷилди 1, саҳ 1259

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи Савол ва Ҷавоби Ислом

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android