Ман мехоҳам, ки масҷиди паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)-ро дар Мадинаи мунаввара зиёрат кунам. Тарзи салом додан ба паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) чӣ гуна аст? Оё зиёрати масҷид воҷиб аст?
Ҳангоми зиёрати қабри паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) чӣ гуна ба ӯ салом медиҳам?
Савол: 26286
Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.
Ҳамду сано барои Аллоҳ ва дуруду салом ба расулуллоҳ .. Ва баъд:
Зиёрати масҷиди расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) воҷиб нест. Вале ҳар гоҳ ба хотири намоз хондан ба масҷиди паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба Мадина сафар карданӣ шавӣ, пас ин амал суннат аст. Ҳар гоҳ ба масҷиди паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ворид шавӣ, дар оғоз намоз бихон ва сипас ба назди қабри паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) омада, бигӯ:
السَّلَامُ عَلَيْكَ أَيُّهَا النَّبِيُّ وَرَحْمَةُ اللهِ وَبَرَكَاتُهُ ، وَصَلَّى اللهُ عَلَيكَ وَعَلَى آلِكَ وَأَصْحَابِكَ
"Ассалому алайка айюҳа-н-набийю ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ. Ва саллаллоҳу алайка ва ало олика ва асҳобик".
(Эй паёмбар! Салом ва раҳмату баракоти Аллоҳ бар ту бод. Дуруди Аллоҳ бар ту ва бар олу саҳобагонат бод).
Бар ӯ зиёд дуруду салом бифирист, зеро аз ӯ собит шудааст, ки мефармояд:
«Ва ба ман дуруд бифиристед, зеро дуруди шумо дар куҷое, ки бошед, ба ман мерасад». Ривояти Абудовуд (2042).
Сипас ба Абубакр ва Умар салом бидеҳ ва аз Аллоҳ бипурс, то аз он ду хушнуд гардад. Дастони худоро ба қабр намол ва дар назди қабр дуо макун, балки аз он ҷо баргард ва дар ҳар маконе ки бихоҳӣ, дар масҷид ва ғайри масҷид дуо бикун. Аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) собит шудааст, ки мефармояд:
«Қофилаи сафар баста намешавад, магар ба се масҷид: Масҷидулҳаром, масҷиди паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ва масҷиди Ақсо». Ривояти Имом Аҳмад (1751), Бухорӣ (1189) ва Муслим (1397).
Сарчашма:
Аллаҷнату-д-доимату ли-л-буҳуси-л-илмийяти ва-л-ифто (9/117).