0 / 0

Ҳукми қироати Қуръон дар назди қабр

Савол: 36513

Оё қироати Қуръон дар назди қабр ҷоиз аст?

Матни ҷавоб

Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Қироати Қуръон дар назди қабр машрӯъ нест, зеро ин амал аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ворид нашудааст.

Аз кумитаи доимии фатво пурсиданд, ки матни он чунин аст:

Оё қироати Фотиҳа ё оёте аз Қуръон барои маййит, ҳангоми зиёрати қабри ӯ ҷоиз аст? Ва оё ин кор ба маййит фоидае мерасонад?

Дар ҷавоб гуфтанд:

Аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) собит шудааст, ки ӯ қабрҳоро зиёрат намуда, барои мурдагон дуоҳоеро мехонд, ки онро саҳобагон медонистанд ва онро аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) таълим гирифтаанд. Яке аз он дуоҳо ин аст:

السَّلَامُ عَلَيْكُمْ أهْلَ الدِّيَارِ، مِنَ الـمُؤْمِنِينَ، والـمُسْلِمِينَ، وَإنَّا إنْ شَاءَ اللَّهُ بِكُمْ لاحِقُونَ، نَسْأَلُ اللَّهَ لنَا وَلَكُمُ العَافِيَةَ

"Ассалому ъалайкум аҳла-д-диёри мина-л­-муьминина ва-л-муслимина ва инно иншoaллоҳу бикум лоҳиқуна, насъалуллоҳа лано ва лакуму-л-ъофията".

(Салом бар шумо бод, эй мӯъминону му­салмонони аҳли ин диёр ва агар Аллоҳ бихоҳад мо низ ба шyмo мепайвандем. Аз Аллоҳ барои мо ва шумо ъофият металабам).

Аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) бо вуҷуди зиёд қабрҳоро зиёрат намуданаш, боре ҳам собит нагаштааст, ки сурае ё оётеро аз Қуръон барои мурдагон хонда бошад. Агар ин кор ҷоиз мебуд, бегумон онро анҷом медод ва ба хотири ба даст овардани савоб ва аз рӯи раҳмат ба уммати худ ва адо намудани масъулияти таблиғи ин дин, онро ба саҳобагон баён мекард. Чихеле, ки Аллоҳ таъоло паёмбарашро васф намуда мефармояд:

 لَقَدْ جَاءَكُمْ رَسُولٌ مِنْ أَنفُسِكُمْ عَزِيزٌ عَلَيْهِ مَا عَنِتُّمْ حَرِيصٌ عَلَيْكُمْ بِالْمُؤْمِنِينَ رَءُوفٌ رَحِيمٌ

 التوبة/128

"Ҳамоно фиристодае аз худи шумо, ба назди шумо омадааст. Ранҷбинии шумо бар вай душвор аст ва ба ҳидоятатон ҳарис ва ба мӯъминон ғамхору меҳрубон аст".   (Сураи Тавба: 128).

Вақте паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) бо вуҷуди муҳайё будани ҳамаи шароит онро накард, ба он далолат дорад, ки ин кор ҷоиз нест. Бинобар ин, саҳобагон (Аллоҳ аз онон хушнуд бод) инро донистанду, дар ин амр ба паёмбар пайравӣ намуда, ҳангоми зиёрати қабрҳо ба панду ибарат ва дуо кифоягӣ карданд. Аз онон низ собит нашудааст, ки барои мурдагон Қуръоне хонда бошанд. Аз ин хотир, қироати Қуръон барои мурдагон бидъати нав пайдо шуда мебошад.

Аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) собит шудааст, ки ӯ фармудааст:

"Ҳар кас дар дини мо чизеро ки дар он нест, пайдо кунад, пас он радшуда аст".   Ривояти Бухорӣ ва Муслим.

Поёни сухан аз фатовои кумитаи доимии фатво (9/38).

         Аллоҳ таъоло донотар аст.

Сарчашма

Ислом савол ва ҷавоб

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи Савол ва Ҷавоби Ислом

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android