0 / 0

Чӣ касоне вориди ҷаннат мешаванд?

Савол: 390

Кӣ вориди ҷаннат мешавад?

Матни ҷавоб

Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Он зоте, ки ҷаннатро офарид, ба мо сифатони касоне ки вориди ҷаннат мешаванд, хабар додааст.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

ومَنْ عَمِلَ صَالِحًا مِنْ ذَكَرٍ أَوْ أُنْثَى وَهُوَ مُؤْمِنٌ فَأُوْلَئِكَ يَدْخُلُونَ الْجَنَّةَ يُرْزَقُونَ فِيهَا بِغَيْرِ حِسَابٍ   

سورة غافر: ٤٠

«Ва ҳар кас аз марду зан, ки мӯъмин бошад ва амали солеҳе ба ҷой оварад, пас онҳо вориди ҷаннат мешаванд ва дар онҷо беҳисоб рӯзӣ дода мешаванд».   (Сураи Ғофир: 40).

Инчунин Аллоҳ таъоло фармудааст:

إِنَّ الَّذِينَ قَالُوا رَبُّنَا اللَّهُ ثُمَّ اسْتَقَامُوا فَلا خَوْفٌ عَلَيْهِمْ وَلا هُمْ يَحْزَنُونَ . أُوْلَئِكَ أَصْحَابُ الْجَنَّةِ خَالِدِينَ فِيهَا جَزَاءً بِمَا كَانُوا يَعْمَلُونَ

الأحقاف: ١٣-١٤.    

«Албатта касоне, ки гуфтанд, ки Парвардигори мо Аллоҳ аст ва сипас (дар имони худ) мустаҳкам истоданд, тарсе дар онҳо нест ва андӯҳгин намешаванд. Инҳо аҳли ҷаннатанд ва  дар он ҷо ҷовидона хоҳанд буд. Ин подоши амалҳоест, ки анҷом медоданд».   (Сураи Аҳқоф: 13-14).

Инчунин фармудааст:

 إِلاّ مَنْ تَابَ وَآمَنَ وَعَمِلَ صَالِحًا فَأُوْلَئِكَ يَدْخُلُونَ الْجَنَّةَ وَلا يُظْلَمُونَ شَيْئًا   

مريم: ٦٠

«Магар касе, ки тавба намуд ва имон овард ва кори шоиста анҷом дод. Пас, инҳо ба ҷаннат дохил мешаванд ва бар онҳо ҳеҷ ситаме нахоҳад шуд».   (Сураи Марям: 60).

Ҳар касе, ки ба Аллоҳ таслим шавад, он чиро, ки Аллоҳ амр кардааст, анҷом бидиҳад ва аз он чизе ки Ӯ ҳаром кардааст, дурӣ варзад, вориди ҷаннат мешавад.

Сарчашма

Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи Савол ва Ҷавоби Ислом

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android